Дар Тоҷикистон маҷмааи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта шуда, баҳри бунёди он зиёда аз 70 млн сомонӣ маблағгузорӣ ҷалб мешавад. Дар ин бора нашрияи парлумонии “Садои мардум” хабар медиҳад.

Ба иттилои нашрия, дар ҷаласаи ахири парлумон созишнома бо ҶДММ “Разес Фарма” оид ба сохтмон ва истифодабарии маҷмааи истеҳсоли маводи дору ва молҳои тиббӣ маъқул дониста шудааст.

Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир, ширкат бо ҷалб намудани сармояи хориҷӣ таҷҳизоти истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббии ҳозиразамонро ворид месозад.

Дар созишнома истеҳсоли доруворӣ, аз ҷумла доруҳо дар шакли ҳаб, капсула, шарбат, суспензия, маҳлулҳои даҳонӣ, крем, гел, сӯзандоруҳои равғанӣ пешбинӣ шудааст.

“Ба кор даровардани корхонаи азим, дар оянда талаботи кишварро ба маводи доруворӣ дар ҳаҷми муайян таъмин намуда, ба коҳиши воридоти чунин маҳсулот мусоидат мекунад”, - омадааст дар хабари нашрия.

Гуфта мешавд, мувофиқи созишнома, дар ин корхона зиёда аз 200 ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар бораи маакони сохтмони корхона маълумот дода нашудааст.

Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “Разес Фарма” моҳи феврали соли 2024 ба имзо расида буд.

 «Разес Фарма» - ширкати дорусозии Ҳиндустон мебошад, ки қароргоҳаш дар Ню-Дели воқеъ аст. Дар корхона маводи дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол мешавад. Корхона ба истеҳсоли воситаҳои дорувории гурӯҳҳо гуногун - аз ҳабу капсулаҳо то крему гелҳо машғул аст. Ширкат ҳамчунин рӯйи таҳияи маводи нав ва беҳбуди сифати дору ва моли мавҷуда кор мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.