Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар семоҳаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон зиёда аз 44 ҳазор тонна гӯшти чорвои калони шохдор ва майда истеҳсол шудааст, ки 14,6% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Истеҳсоли гӯшт

Дар ин давра зиёда аз 9 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол шудааст, ки 28% камтар нисбат ба семоҳаи аввали соли 2023 мебошад.

Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар соли 2023 дар Тоҷикистон 342 ҳазор тонна гӯшти гову гӯсфанд ва зиёда аз 55 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол шудааст.

Чунин ҳаҷми маҳсулоти гӯштӣ талаботи аҳолиро ба ин маҳсулот қонеъ гардонида наметавонад. Дар маълумоти оморӣ истеҳсоли гӯшт бо вазни зинда нишон дода мешавад. Агар вазни баъди куштани чорворо ба назар гирем, ин тақрибан аз 55 то 60% гӯшт дар чорвои калони шохдор, аз 40 то 50% - дар чорвои майда ва 65-70% - дар парандаро ташкил медиҳад. Истеҳсоли гӯшти тоза тақрибан 235-240 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад.

Дар натиҷа 24 кг ба ҳар сари аҳолӣ дар як рост меояд. Меъёр ба ҳар як шахс дар як сол 40,8 кг-ро ташкил медиҳад. Аз ин бармеояд, ки ҳоло Тоҷикистон талаботи худро ба гӯшт дар ҳудуди 58% таъмин мекунад. Албатта, ин нисбат ба 10 сол пеш, ки сатҳи таъмини аҳолӣ бо гӯшт 25-30%-ро ташкил медод, хеле беҳтар аст, вале ҳоло ҳам кофӣ нест.

Дар Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ Вазорати рушди иқтисод дар баробари афзоиши истеҳсоли гӯшт, коҳиши воридоти онро то 13,3 ҳазор тонна дар соли 2024 пешгӯӣ кардааст.

Аммо истеъмоли воқеии гӯшт дар Тоҷикистон 25 кг дар як сол арзёбӣ мешавад, аз ин рӯ, ҷумҳурӣ имкон дорад, ки ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми зиёда аз 30 ҳазор тонна маснуоти гӯштӣ содир кунад.

Чорводории маҳсулнокиаш паст

Тоҷикистон то ҳол аз лиҳози истеҳсоли гӯшт ба ҳар сари аҳолӣ миёни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) зинаи охирро ишғол мекунад.

Ба ақидаи коришиносону мутахассисон, ҷумҳурӣ имконоти худро дар саноати истеҳсоли гӯшт ба таври кофӣ истифода намекунад. Айни замон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидори кишвар ҳудуди 2,7 млн сар чорвои калони шохдор ва беш аз 7 млн сар чорвои майда парвариш карда мешавад.

Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз афзоиши саршумори чорво нисбат ба солҳои 90-уми асри гузашта, сифати зотпарварӣ ва маҳсулнокии он дар сатҳи паст боқӣ мемонанд.

Сурат: meat-expert.ru

Тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 93% саршумори чорвои калонаи шохдор ва 82% чорвои майда (гӯсфанду буз) дар хоҷагиҳои худи аҳолӣ нигоҳубин ва парвариш карда мешавад. Чорвои хонагӣ аз рӯи вазни зинда ва маҳсулнокӣ ба талаботи мъёрҳо ҷавобгӯ нест.

Тарзи ғайрикасбии рафтору муносибат бо чорво дар он ифода меёбад, ки чорвои хонагӣ ҳар он чизеро, ки дар қади роҳ меёбад, истеъмол мекунад ва аксаран аз пӯсту устухон иборат аст.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод, сатҳи истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ оид ба истеҳсоли гӯшт ва маснуоти гӯштӣ ҳамагӣ 20,5%-ро ташкил медиҳанд.

Чаро гӯшт кам аст?

Бо сабаби он, ки истеҳсоли гӯшт дар кишвар талаботи аҳолиро қонеъ намегардонад, нархи ин маҳсулот ҳамеша баланд аст ва барои қишри кмабизоати аҳолӣ дастнорас мебошад.

Оилаҳои серфарзанд дар деҳот ва дигар қишри осебпазири аҳолӣ ба мунтазам харидани гӯшт аз бозор имкон надоранд. Имрӯз 1 кило гӯшти хушсифати беустухони гов ё гӯсфанд на камтар аз 100 сомонӣ нарх дошта, 1 кило гӯшти устухондор 75-80 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Барои дастрас шудани нархи гӯшт, истеҳсоли онро зиёд кардан зарур аст. Дар кишвар саноати чорводорӣ барои истеҳсоли гӯшт нокофист, зеро нигоҳдории он хеле гарон аст.

Барои сохтмони маҷмааҳо маблағ нокофӣ буда, хӯроки чорво гарон ва хадамоти тахассусии байторӣ (ветеринарӣ) амал намекунад. Қариб ҳамаи доруҳои ҳайвонот аз хориҷа ворид шуда, сифати онҳо начандон хуб аст.

Инчунин дар кишвар хӯроки чорво кофӣ нест. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол майдони кишти растаниҳои хӯрока то 20 ҳазор гектар зиёд карда мешавад. Илова бар ин, дар зиёда аз 367 ҳазор гектар замин зироати ғалладона кишт шудааст, ки қисме аз ҳосили онҳо ба хӯроки чорво меравад.

Аммо ин масоҳат майдон низ кофӣ нест, бинобар ин, нархи хӯроки чорво баланд боқӣ мемонад.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар ин самт мушкилоти чарогоҳҳо арзёбӣ мешавад.

Бар асари истифодаи нодуруст, ҳар сол 4%-и онҳо аз истифода мебароянд. Илова бар ин, чарогоҳҳо кайҳо ба дасти онҳое гузаштаанд, ки худашон ба чорводорӣ машғул набуда, онҳоро ба иҷора медиҳанд ва аз ин рӯ, онҳо ба беҳтар кардани ҳолати чарогоҳҳо манфиатдор нестанд.

Хадамоти байторӣ хуб нест

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини солимии чорво, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳо, муҳофизат аз воридшавии бемориҳои сироятӣ ба қаламрави кишвар маҷмӯи корҳои барномавиро амалӣ менамояд.

Бо вуҷуди ин, дар фаъолияти марказҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳо мушкилоти зиёд вуҷуд дорад. Аз ҷумла, барои гузаронидани чорабиниҳои байторӣ, аз ҷумла эмкунӣ ва дигар чораҳои пешгирикунанда маблағ намерасад.

Бо мақсади баргузории чорабиниҳои зиддиэпизоотикӣ, ҷуброни талафот аз мусодира ва нобуд кардани ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот, ки барои саломатии ҳайвонот ва одамон хатарнок мебошанд, Фонди чораҳои зиддиэпизоотикӣ таъсис дода шуд. Аммо маблағҳои ин Фонд ба харидории танҳо тақрибан 15% ваксинаҳои зарурӣ имкон медиҳанд.

Имрӯз ба саршумори чорвои аҳолӣ тамғагузорӣ карда намешавад. Ин ҳолат назорати ҳаракати чорво ва пешгирии саривақтии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла маъракаи эмкуниро душвор мекунад.

Назари мутахассисон ба ҳалли мушкил

Коршиносон ба ҳукумат тавсия медиҳанд, ки барои афзоиши истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон ба ҳолатҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Акси марбута аз богонӣ
Сурат: Asia-Plus

Зоотехник Фарход Каримов бар ин назар аст, ки пеш аз ҳама бояд барои бунёди маҷмааҳои нави саноатӣ барои парвариши чорвои калони шохдор ва майдаи зотҳои гӯштӣ сармоягузорӣ ҷалб карда шавад ва ҳамзамон барои осон кардани дастрасии соҳибкорон ба хариди чорвои зоти гӯштӣ аз хориҷа тавассути сабук кардани андоз ва боҷҳои гумрукӣ тадбирҳо андешида шаванд.

Мутахассиси яке аз хоҷагиҳои зотпарварӣ Абдурашид Файзов хоҳиш мекунад, ки маблағгузории хоҷагиҳои зотпарварӣ беҳтар шавад, то ки онҳо навъҳои нави зотҳои гӯштиро, ки ба шароити табиии Тоҷикистон мутобиқанд, парвариш кунанд.

Тибқи ҳисобҳои ӯ, бордоркунии 40% говҳои мавҷуда аз буққаҳои навъи гӯштӣ метавонад ҳар сол иловагӣ якчанд ҳазор тонна гӯшти гови баландсифат диҳад.

Бисёре аз соҳибкорони машғул ба парвариши растаниҳои хӯроки чорво мегӯянд, ки густариши истеҳсоли саноатии хӯрока барои чорвои калон ва хурд яке аз вазифаҳои муҳим боқӣ мемонад.

“Кадом зоти чорвое, ки набошад, танҳо вобаста ба чӣ гуна ғизо додани он метавон нишондиҳандаи баланди маҳсулнокии гӯшт ба даст овард”, - мегӯянд онҳо.

Инчунин дар ҳар як ноҳия кушодани дармонгоҳи (клиникаи) байторӣ бо тамоми воситаҳои зарурӣ низ муҳим аст.

Чунин тадбирҳо ба баланд шудани нишондиҳандаҳои истеҳсоли гӯшт мусоидат намуда, Тоҷикистон дар ояндаи наздик аз кишвари воридкунандаи маҳсулоти гӯштӣ ба содиркунандаи он табдил меёбад.

Ин ҳамчунин ба кӯшишҳои муштараки чорводорон, истеҳсолкунандагони хӯроки чорво, корхонаҳои коркарди гӯшт, моликони чарогоҳҳо ва дигар иштирокчиёни бозор вобаста аст ва давлат бояд ҳар яке аз ин соҳаҳоро дастгирӣ ва ба ҳамкории онҳо мусоидат кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.