Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба масъулини вилоят дастур додааст, ки ба як ширкати чинӣ барои бунёди корхона замин ҷудо кунанд. Ин корхона ба коркарди пӯсту пашм машғул хоҳад буд.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки зимни мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари ширкати чинии “Фусин Синйида” Гао Ҷонг Тао бунёди корхонаи пӯсту пашм баррасӣ гардид.
Давлаталӣ Саид таъкид кардааст, ки муносибатҳои тиҷоратии вилоят бо ширкатҳои чинӣ сол аз сол рушд ёфта, қариб ҳама самтҳои иқтисодро фаро гирифтаанд.
“Тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷии мост ва мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем. Рушди ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонем”, - гуфтааст раиси вилоят.
Гао Джонг Тао гуфтааст, ки ширкати онҳо дар самти коркарди пусту паш ва гармхонаҳо таҷрибаи бой дорад ва тасмим гирифтаанд, ки дар вилояти Хатлон як корхонаи коркарди пӯсту пашм ва гармхонаҳо созанд. Ӯ хоҳиш кардааст, ки барои бунёди корхона замин ҷудо кунанд.
Давлаталӣ Саид ба зердастони худ дастур додааст, ки барои интихоб ва ҷудо кардани қитъаи замин мусоидат кунанд.

Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки танҳо дар соли 2023 дар вилоят 1 миллиону 140 ҳазору 300 дона пӯсти чорвои калону майда ва 5 ҳазору 970 тонна пашм истеҳсол шудааст.
“Мутаасифона, ҳамагӣ 4,3 ҳазор дона пӯст (0,4%) ва 70 тонна пашм (1,2%) коркард шудаасту халос. Агар Шумо чунин як корхонаро фаъол кунед, вилоят имкон дорад, ки онро бо ашёи хом таъмин кунад”, - гуфтааст раиси вилоят.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳамасола бинобар сабаби набудани корхонаи коркарди пусту пашм қисми зиёди маҳсулоти хом нобуд мешуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста