Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 141 млн долла грант ва қарзи имтиёзнок ҷудо мекунад.
Дар бораи ин қарор рӯзи 16 июл дар ҷаласаи 11-уми Кумитаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) хабар дода шуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҷаласа таҳти раёсати вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Завқӣ Завқизода ва бо ҳузури ҳайати расмии расмии ИА таҳти роҳбарии сарпарасти кишварҳои Осиёи Марказӣ/Сардори Департаменти Комиссияи Иттиҳод Люк Девин баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи ҷаласа ва гуфтушуниҳо масъалаи ҷалби бештари маблағҳои грантию қарзҳои имтиёзноки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ баррасӣ шуд.

Инчунин ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷорату иқтисод, саноату сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот, дастгирии буҷет, амнияти сарҳадӣ, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, таъсиси технопаркҳо ва технологияҳои рақамӣ, иштирок дар маблағгузории сохтмони НБО «Роғун», ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои минтақавӣ, ҳамчунин мусоидат ба тиҷорат ва татбиқи системаи тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон табодули назар карданд.
Зимни вохӯрӣ Завқизода оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самтҳои зикршуда мухтассар маълумот дода, аз ҷониби ИА дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла энергияи сабз, бахусус сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ ва таҳкими сарҳадот маблағгузориро зиёд намояд.
Дар натиҷа Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дод, ки барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 141 млн. евро грант ва қарзҳои имтиёзнок, аз ҷумла 101 млн. евро грант ҷудо менамояд.
Ёдрас мекунем, чанде пеш зимни мусоҳиба ба “Азия-Плюс” Люк Девин изҳор дошта буд, ки имзои Созишномаи нав дар бораи шарикии васеъ ва ҳамкорӣ аз ҳадафҳои гуфтушунид мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста