Бонки миллии Тоҷикистон бонкҳои ба гуфтаи ин ниҳод низомсози кишварро барои соли 2024 маълум кард. Ин феҳрест ҳамасола як маротиба муайян ва бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ мешавад. Дар ин бора аз резаахбори Бонки миллии Тоҷикистон, ки имрӯз, 7-уми август дар нишасти матбуотӣ дастраси рӯзноманигорон шуд, зикр мешавад.
Ба ин тартиб ба рӯйхати нав, “Амонатбонк”, “Ориёнбонк” ва “Бонки Эсхата” бонкҳои низомсози Тоҷикистон номбар шудаанд.
“Амонатбонк” бонки давлатӣ буда, раиси он Алиҷон Салимзода мебошад. “Ориёнбонк”-ро Ҳасан Асадуллозода, яке аз наздикони Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Роҳбари “Бонки Эсхата”-ро Акмалҷон Сайфиддинов ба уҳда дорад.
Ҳамчунин, бо қарори Раёсати Бонки миллӣ дар феҳрасти ташкилоти қарзии эҳтимолӣ барои соли 2024 “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” зикр шудааст.
Ба иттилои БМТ ин рӯйхат, “бо мақсади амалӣ намудани сиёсати макропруденсиалӣ ва танзиму назорати фаъолияти бонкӣ” таҳия мешавад.
Бояд гуфт, ки феҳрести бонкҳои низомсози Тоҷикистон ҳамасола омода мешавад ва соли 2023 ҳам бонкҳои низомсози Тоҷикистон "Амонатбонк", "Ориёнбонк" ва "Эсхата" буданд.
Вале ташкилоти қарзии эҳтимолӣ имсол иваз шудааст. Соли гузашта "Имон Интернешнл" ташкилоти қарзии эҳтимолӣ буд.
Ёдовар мешавем, ки дар гузашта "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", ду бонки ҳоло муфлисшударо ҳамчун бонкҳои низомсози Тоҷикистон ном мебурданд. Ҳарду бонк чанд сол пеш муфлис ва барҳам дода шуданд.
Гузориш: 79%-и об дар Осиёи Марказӣ барои обёрӣ сарф мешавад
Хишти аввал. Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс” 29-солагии худро таҷлил мекунад
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста