Ба туфайли истифодаи технологияҳои рақамӣ дар кишоварзӣ, Исроили қариб безамин нисфи дунёро бо озуқаворӣ таъмин мекунад, аммо Тоҷикистони дорои заминҳои ҳосилхез аз истифодаи замин начандон фоидаи зиёд мегирад. Имрӯз танҳо 2%-и истеҳсолкунандагон дар соҳаи кишоварзӣ аз технологияҳои рақамӣ истифода мебаранд.

Дар ҳамин ҳол, бахши кишоварзии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин бахшҳои иқтисод маҳсуб меёбад, ки ба туфайли он тақрибан 23% ташаккули Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД), зиёда аз 70% - ҷойҳои корӣ, 25% - содирот ва 35% - даромадҳо ба буҷет аз пардохти андоз таъмин мегарданд. Бо ҷорисозии технологияҳои рақамӣ ин нишондиҳандаҳо метавонанд баландтар шаванд.

Маблағгузорӣ муҳим, аммо дониш муҳимтар аст

Рӯзи 28 августи соли ҷорӣ дар Душанбе натиҷаҳои пешакии «Асосноккунии техникӣ-иқтисодии имкониятҳои кишоварзии рақамӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон» муаррифӣ шуданд.

Ба гуфтаи мушовири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) Бахтиёр Эргашев, таҳқиқоти иҷтимоӣ тасвири воқеии татбиқи лоиҳаи рақамисозии кишоварзии Тоҷикистонро нишон дод.

Назарҳои се гурӯҳи ҳадафманд – истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (деҳқонон), тиҷорат (ширкатҳое, ки қарорҳои техникӣ пешниҳод мекунанд) ва ташкилотҳои дастгирӣ (мақомоти давлатии идоракунӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ) пурсида шуданд.

Таҳқиқот нишон дод, ки назарҳо оид ба рақамисозии соҳаи кишоварзӣ фарқият доранд ва дар баъзе бахшҳо (категорияҳо) хеле ҷиддӣ.

Сурат аз хадамоти матбуоти лоиҳаи Барномаи рушди СММ

Масалан, мансабдорон ва коршиносони байналмилалӣ чунин мешуморанд, ки омили асосие, ки ба ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон монеъ мешавад, сатҳи пасти дониш ва камбуди мутахассисон дар соҳаи кишоварзии рақамӣ мебошад.

Барои ҳалли ин мушкилот, онҳо пешниҳод мекунанд, ки маблағгузорӣ ба стартапҳо (оғози корҳои нав) ва сармоягузорӣ ба технологияҳои рақамӣ густариш дода шавад.

Тиҷорат (бизнес), баръакс, нархи баланди ҷорӣ кардан ва нигоҳдории технологияҳои рақамиро дар ҷойи аввал мегузорад.

Аммо деҳқонон – ҳалқаи калидӣ дар истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ – маблағгузориро ба ҷои аввал намегузоранд; барои онҳо пешниҳоди маълумоти пурра ва омӯзиши истифодаи технологияҳои рақамӣ муҳимтар аст.

Бе Интернет технологияҳои рақамӣ низ ҷорӣ нахоҳанд шуд

Қисмати аввалини пурсиш ба арзёбии вазъи инфрасохтор ва таҷҳизоти техникии корхонаҳои кишоварзӣ бахшида шуд.

Барои ҷорӣ кардани технологияҳои муосири рақамӣ дар фаъолияти кунунии корхонаҳои кишоварзӣ, инфрасохтори зарурӣ (таъмини барқ, алоқа, интернет ва ғайра) зарур аст, ки амалисозӣ ва кори мунтазами онҳоро таъмин мекунад.

Дар ин маврид ҳамаи се гурӯҳи пурсидашуда – деҳқонон, намояндагони тиҷорат ва ташкилотҳои дастгирӣ – дар арзёбии вазъи инфрасохтор дар минтақаи фаъолияти корхонаҳои кишоварзӣ ҳамфикр буданд.

Сурат аз vestnikapk.ru

Онҳо дар ҷои аввал дастрасӣ ва сифати алоқаи мобилӣ ва интернетро гузоштанд (66,7% пурсидашудагон).

Натиҷаҳои назарсанҷӣ нишон доданд, ки дар деҳот интернети ноқилӣ (симдор) мавҷуд нест (71%), алоқаи мобилӣ ноустувор аст (40%), марказҳои омӯзиш ва дастгирии технологияҳои кишоварзии рақамӣ вуҷуд надоранд (40%) ва таъмин бо барқ мунтазам нест (2,7%).

Дар идома сатҳи механикунонӣ ва автоматикунонии амалиёти равандҳои технологӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ арзёбӣ шудааст, ки барои пешбурди таҷрибаи кишоварзии рақамӣ муҳим аст.

Дар ин ҷо 82% пурсидашудагон дараҷаи баланди фарсудашавии техникаи мавҷударо зикр намуда, 98% кишоварзон гуфтанд, ки техникаи онҳо бо технологияҳои рақамӣ мувофиқ нест ва 61% деҳқонон дар фаъолияти худ умуман компютер ва смартфонро истифода намебаранд.

Чӣ ба рақамисозии бахши кишоварзӣ халал мерасонад?

Назарсанҷӣ ҳамчунин хусусияти омилҳоеро, ки ба фаъолияти корхонаҳои бахши кишоварзӣ таъсир мерасонанд, ошкор кард.

Ба ақидаи намояндагони сохторҳои давлатӣ ва коршиносони байнулмилалӣ, ба ҷорисозии технологияҳои нави рақамӣ чанде аз чунин омилҳои зерин таъсир мерасонанд:

- норасоии дониш барои роҳандозии фаъолият дар бахши кишовразӣ (73,3%);

- инфрасохтори начандон рушдёфта ва заминаи сусти моддӣ-техникӣ (53,3%);

- мавҷуд набудани дастрастӣ ба воситаҳои молиявӣ (46,6%);

- мушкилоти дастрасӣ ба сарчашмаҳои об ва низомҳои обёрӣ (40%);

- шароити иқлим (33,3%);

- кам будани пешниҳоди восита ва низомҳои муосири рақамӣ (26,7%);

- дастрасии маҳдуд ба тухмиҳои хушсифат ва маҳсулоти кимиёвӣ барои бахши кишоварзӣ (20%) ва дигар омилҳо.

Сурат аз хадамоти матбуоти лоиҳаи Барномаи рушди СММ

Намояндагони тиҷорат ба сифати монеаҳои асосие, ки ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар бахши кишоварзии Тоҷикистонро бозмедоранд, арзиши баланди технологияҳо, мавҷуд набудани инфрасохтори зарурӣ ва номукаммалии қонунҳоро номбар кардаанд.

Ба ақидаи намояндагони ҳарду гурӯҳ (ташкилотҳои дастгирӣ ва соҳибкорон), барои рушди рақамисозӣ густариши роҳҳои ҳавасмандкунии дастгирии стартапҳо ва сармоягузорӣ ба технологияҳои рақамӣ муҳим аст. Ин андешаро 86,7%-и пурсидашудагон баён кардаанд.

Сурат аз хадамоти матбуоти лоиҳаи Барномаи рушди СММ

Илова бар ин, онҳо зарурати таҳкими амнияти киберӣ ва ҳифзи маълумот (60%), қабули барномаҳо барои омӯзиш ва баланд бардоштани малака дар соҳаи технологияҳои рақамӣ (53,3%), кам кардани таъсири танзимсозӣ ба баъзе навъҳои технологияҳои рақамӣ (46,7%) ва соддагардонии тартиби сертификатсия ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави рақамиро (40%) зикр кардаанд.

Аммо деҳқонон монеаи асосиро дар нокофӣ будани иттилоот дар бораи технологияҳои нави рақамӣ мебинанд. Онҳо инчунин хоҳиши омӯзиши истифодаи технологияҳои рақамӣ, дастрасӣ ба кӯмакҳои молиявӣ ва дастгирии техникиро дар ин самт изҳор кардаанд.

Назарсанҷӣ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба таъмини воситаҳои зиндагӣ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Афғонистон» (LITACA, Марҳилаи III), ки аз ҷониби Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии ҳукумати Ҷопон тавассути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) амалӣ мешавад, гузаронида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.