Дар гузориши чанде қабли Бонки ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон гуфта мешавад, то соли 2023 дар Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазор корхонаи давлатӣ асосан дар соҳаҳои кишоварзӣ, савдо ва бахши хидматрасонӣ хусусӣ карда шудаанд.
Ҳамзамон дар кишвар тақрибан 1 ҳазор корхона бо шарикии давлат фаъолият доранд.
«Ҳарчанд дар солҳои 2000-ум талошҳо барои фурӯши дороиҳои давлатӣ идома доштанд, вале дар даҳсолаи охир суръати хусусигардонӣ суст шудааст», — таъкид мекунанд муаллифони гузориш.
Дар ҳуҷҷат зикр мешавад, ки илова бар ин, таъсиси корхонаҳои нав бо шарикӣ (саҳмдорӣ)-и давлат «ба як андоза кӯшишҳои қаблии хусусигардониро халалдор кард».
Ба навиштаи таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ, дар натиҷа теъдоди умумии корхонаҳои давлатӣ андаке коҳиш ёфт.
«Маълумоти муфассал дар ин бора маҳдуд аст, ки аҳамияти баргузории як таҳқиқоти алоҳидаро барои гирифтани сабақ аз таҷрибаи гузашта ва баррасии хатарҳои эҳтимолиро барои кӯшишҳои ояндаи хусусигардонӣ дар Тоҷикистон таъкид мекунад», — омадааст дар гузориш.
Дар он таъкид мешавад, ки муайян кардани маҳдудиятҳои сиёсӣ ва иқтисодие, ки метавонанд талошҳои ҳукумати Тоҷикистонро барои хусусигардонӣ дар солҳои охир суст карда бошанд, таҳлили махсус тақозо мекунад.
Миқёси хусусигардонӣ хурд буд
Муаллифони гузориш хотиррасон мекунанд, ки пас аз соҳибистиқлолии кишвар дар соли 1991, бисёре аз корхонаҳои Тоҷикистон бо сабаби тағйироти назаррас дар нархҳо, коҳиши шадиди талабот ва аз амал мондани шартномаҳои тиҷоратӣ байни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) қобилияти иқтисодии худро аз даст доданд.
Раванди хусусигардонӣ аз корхонаҳои хурд дар солҳои 1990 оғоз шуда, бо фурӯши бастаҳои саҳмияҳои давлатии корхонаҳои миёна дар солҳои 2000-ум идома ёфт. Аммо корхонаҳои бузург дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, истифодаи об, саноат ва дигар бахшҳо то ҳол дар ихтиёри давлат боқӣ мондаанд.
Муттахассисони Бонки ҷаҳонӣ қаблан изҳор дошта буданд, ки аксари корхонаҳои бузург бо саҳми давлат дар Тоҷикистон камдаромад ва зарароваранд, ки ин барои суботи молиявии кишвар хатарҳои ҷиддии молиявӣ эҷод мекунад.
Қарзи умумии 27 корхона бо шарикии давлат, ки фаъолияти онҳо аз ҷониби Вазорати молияи кишвар назорат мешавад, дар аввали соли 2024 ба 60,8 млрд сомонӣ (зиёда аз 5,5 млрд доллар) расидааст ва ин нишондиҳанда ба 46,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли гузашта баробар аст.
Дар байни бузургтарин қарздорон ширкати давлатии энергетикии «Барқи Тоҷик» пешсаф аст. Қарзи умумии ширкат бо шумули қарзҳо барои лоиҳаҳои энергетикӣ, зиёда аз 37,4 млрд сомонӣ (тақрибан 3,4 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.ҶСК “НБО Роғун бо қарзи 9,3 млрд сомонӣ (ҳдуди 850 млн доллар) дар зинаи дуюм қарор дорад.
Миёни дигар қарздорони бузург дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ инчунин ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик», КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» зикр шудаанд, ки қарзи умумии онҳо дар охири соли 2023 - 2,3 млрд сомонӣ (тақрибан 210 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.
Саҳми ҳукумат ҳоло ҳам боқӣ мемонад
Созмонҳои байналмилалии молиявӣ аз оғози солҳои 2000-ум борҳо ба ҳукумат тавсия додаанд, ки корхонаҳои давлатиро бозсозӣ ва ба ихтиёри бахши хусусӣ диҳанд.
То имрӯз, танҳо чанде аз онҳо, аз ҷумла собиқ КВДА «Тоҷик Эйр» ва ШСХК «Барқи Тоҷик» бозсозӣ шуданд. Вале саҳмияҳои пурраи ҶСК, ки дар заминаи ин корхонаҳо таъсис дода шуданд, то ҳол дар ихтиёри ҳукумат боқӣ мондаанд.
Пас аз ба ташкилоти бузурги қарзӣ табдил ёфтани Бонки давлатии амонтагузории «Амонатбонк», созмонҳои байнулмилалии молиявӣ пешниҳод намуданд, ки ҳукумат онро низ ба ихтиёри бахши хусусӣ вогузор кунад.
«Мо чунин мешуморем, ки сохтори яке аз бонкҳои низомсоз ва бузурги кишвар - “Амонатбонк” метавонад боз ҳам бештар тағйир ёбад, то ки ба хавфҳои дохилӣ ва беруна беҳтар муқобилат кунад», — изҳор дошта буд дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” моҳи ноябри соли 2022 Жужанна Харгитай, мудири минтақавии Бонки аврупоии таҷдиду рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Муғулистон.
Қобили зикр аст, ки аввали соли 2020 ба қонун «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи онҳо, НБО “Роғун” ва “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) аз рӯйхати иншооте, ки бояд хусусӣ гардонида нашаванд, хориҷ карда шуданд. Вале то ҳол ин иншооти бузурги саноатӣ ба фурӯш пешниҳод нашудаанд ва давлат назорати саҳмияҳои онҳоро дар ихтиёри худ нигоҳ медорад.