Давоми моҳҳои январ-августи соли 2024 Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи зиёда аз 82,3 млн доллар неруи барқ интиқол дод. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ин нишондиҳанда 2,8 млн доллар (3,3%) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
Ҳиссаи интиқоли барқ ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ 6,5%-ро ташкил дод.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар ҳудуди 15,4 млрд киловатт-соатро ташкил дод, ки ҳудуди 1 млрд киловатт-соаташ (6,5% аз ҳаҷми умумии истеҳсол) ба хориҷи кишвар содир шудааст.
Зиёда аз 80% аз ҳаҷми содироти неруи барқ ба Афғонистон ва боқимонда 20%-аш - ба Ӯзбекистон рост меояд.
Қобили зикр аст, дар соли 2024 Тоҷикистон танҳо бо ду кишвари дар боло зикршуда дар бораи содироти барқ қарордод ба имзо расонидааст.
Бино ба маълумоти ҶСК “Барқи тоҷик”, содироти барқ ба Ӯзбекистон танҳо дар мавсими тобистон сурат гирифта, содироти он ба Афғонистон инчунин дар мавсими тирамоҳу зимистон низ идома меёбад, лекин “танҳо барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани иншооти зерсохтор”.
Раҳбарияти ширкат зикр карда буд, ки дар замони сардиҳо, вақте ки дар худи Тоҷикистон камбуди барқ эҳсос мешавад, интиқоли он ба Афғонистон 10 баробар - аз 400 Мвт то 40 Мвт коҳиш меёбад.
Қаблан зикр гардида буд. ки байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расида, дар он интиқоли барқ аз неругоҳи “Роғун” дар давраи то соли 2032 пешбинӣ шудааст. Содироти барқ ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон яке аз шартҳои маблағгузории хориҷии лоиҳаи “Роғун” мебошад.
Реҷаи маҳдуд ё худ лимити интиқоли барқ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон ҳамасола аз охии моҳи сентябр оғоз гардида, маъмулан то моҳи апрел давом мекунад. Бекор шудани ин реҷа ба шароити мусоиди обуҳаво ва зиёд шудани маҷрои об дар дарёи Вахш вобаста аст.
Камбуди барқро дар мавсими тирамоҳу зимистони оянда ҳам дар Вазорати энергетика ва ҳам дар ширкатҳои электроэнергетикии ҷумҳурӣ аз эҳтимол дур намедонанд.