Тоҷикистон талаботи аҳолии худро бо биринҷ пурра таъмин мекунад ва имкон дорад, ки истеҳсоли онро зиёд кунад. Аммо ҳоло ба содироти он қодир нест, зеро барои парвариши биринҷ замини мо хеле кам аст.

Дар таъмини амнияти озуқавории бисёре аз кишварҳои ҷаҳон биринҷ нақши калидӣ дорад. Бинобар ин, дар соли 1950 Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) 20 сентябрро Рӯзи ҷаҳонии биринҷ эълон кард.

Биринҷ дар хӯроки миллии тоҷикон ҷойгоҳи муҳим дорад. Ҳеҷ як маъракаи мардум бе оши палав намегузарад. Ин таом ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Ғайр аз ин, даҳҳо намудҳои дигари таомҳои миллӣ мавҷуданд, ки асосан аз биринҷ тайёр карда мешаванд.

Аммо то чӣ андоза Тоҷикистон аҳолии худро бо биринҷ, ки маҳсулоти стратегии амнияти озуқаворӣ аст, таъмин мекунад?

Сол ба сол истеҳсоли биринҷ дар Тоҷикистон зиёд шуда, ҳаҷми истеҳсоли он баъд аз соли 2020 ба 120 - 150 ҳазор тонна дар як сол расид. Бо назардошти воридоти он дар ҳаҷми 30-35 ҳазор тонна дар як сол, талаботи аҳолӣ ба ин маҳсулот пурра таъмин мегардад.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, ҳамасола дар ҷумҳурӣ дар майдони зиёда аз 17 ҳазор гектар биринҷ парвариш карда мешавад.

Ҳоло деҳқонон аллакай ҳосил ҷамъоварӣ мекунанд. Навъҳои барвақти биринҷ дар моҳи сентябр ва дери он – дар моҳҳои октябр ва ноябр мепазанд.

Шинонидани кӯчати шолӣ дар шаҳри Турсунзода бо ёрии техника
Сурат: Asia-Plus

 

Биринҷ чӣ тавр парвариш карда мешавад?

Дар Тоҷикистон ду усули кишти биринҷ амал мекунад. Дар тарзи аввал, тухмӣ дар қитъаҳои замини пуроб ҳарҷо-ҳарҷо афканда мешавад. Дар усули дуюм, кӯчати тайёри ниҳолҳо дар қитъаҳои замин шинонда мешаванд.

Парвариши биринҷ асосан дар минтақаҳое мувофиқи мақсад аст, ки ҳавояш гарму об фаровон аст. Аз ин рӯ, он дар минтақаҳои кӯҳӣ кишт намешавад. Барои парвариши 1 килограмм биринҷ камаш 5 ҳазор литр об лозим аст.

Ҳосилнокӣ ба обёрӣ, нуриҳо, интихоби навъҳо ва нигоҳубини растанӣ вобаста аст. Дар Тоҷикистон аз 1 гектар ба ҳисоби миёна  аз 4 то 8 тонна ҳосили шолӣ гирифта мешавад.

Дар ҳар минтақаи кишвар навъҳои худии хоси биринҷ парвариш меёбанд, ки аз ҳам фарқ мекунанд, вале тарзи парвариш ва хароҷоташон яксон аст. Дар шолизорҳои Тоҷикистон биринҷи навъҳои «Лазер», «Юбилейный», «Дубовский», «Оқпар», «Кенҷа», «Девзира», «Регар», «Люкс», «Авангард» ва дигар навъҳо кишт карда мешаванд. «Девзира» ва «Лазер навъҳои гаронтарин мебошанд.
Коргарзанон дар шолизори Тоҷикистон
Сурат: Asia-Plus

Онҳоро дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Панҷакент, Фархор, Панҷ, Дӯстӣ ва Балхӣ, инчунин дар қисмати ғарбии водии Ҳисор парвариш мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон биринҷ асосан ҳамчун ҳосили дуюм баъди ғалладонагиҳо, асосан гандум, парвариш карда мешавад.

Аз 100% ашёи хом (шолӣ) тақрибан 60-70% маҳсулоти поккоришуда (биринҷ) ҳосил мешавад.

Парвариши биринҷ хеле заҳматталаб буда, бинобар ин, нисбат ба дигар зироати ғалладона, нархи он ҳамеша баландтар аст.

Тибқи ҳисобҳои мутахассисон, хароҷоти парвариши биринҷ аз ҷуворимакка ва гандум даҳҳо маротиба зиёдтар аст. Аз ин рӯ, нархи биринҷ ҳамеша гарон аст, бахусус дар фасли тобистон.

Шолизор
Сурат: Asia-Plus

 

Кадом навъи биринҷ беҳтару писандидатар аст?

Тавре қаблан зикр кардем, навъҳои беҳтарин «девзира» ва «лазер» мебошанд. Харидорон бештар ба биринҷ аз ҳосили соли гузашта таваҷҷуҳ мекунанд. Биринҷи тозанашуда (шолӣ) бояд якчанд моҳ дар анбор нигоҳ дошта шавад, то ки ҳангоми тоза кардан донаҳо нашикананду бисёртар комил (пурра) боқӣ монанд.

Пеш аз ба бозор баровардан, биринҷ як марҳилаи тӯлонии тайёр карданро мегузарад. Баъди ҷамъоварии ҳосил онро аз пӯст тоза кардан лозим аст. Шахсони ботаҷриба харидани биринҷи дар обҷувоз (осиёби обӣ барои тоза кардани биринҷ) тозашударо афзалтар медонанд. Биринҷи дастӣ коркардшуда аз лиҳози мазза ва дигар хусусиятҳо аз биринҷе, ки дар мағоза фурӯхта мешавад, фарқ мекунад.

Аҳолии деҳот биринҷи марказҳои калони савдо дар бастаҳои зеборо начандон хуш дошта, ба бозор рафтану аз халтаҳо харидорӣ намудани навъҳои маҳаллии биринҷро авлотар медонанд.

Обҷувозҳо низ ду хеланд: осиёбҳои қадимӣ бо чарху ғаллакӯбҳои чӯбин ва осиёбҳои нав бо таҷҳизоти барқӣ. Аз ин рӯ, дар бозорҳо одамон ба дар куҷо ва чӣ гуна истеҳсол шудани он диққат медиҳанд – «осиёбӣ» (аз обҷувоз) ё «дастгоҳӣ» (аз таҷҳизоти муосир).

Ба тарзи истеҳсоли якум афзалият дода мешавад. Биринҷи «дастгоҳӣ» қариб хока надорад, донаҳо мисли шиша тобноканд, зебо ба назар мерасанд, аммо биринҷи обҷувоз бо хокаи сафеди ғафс, ранги норавшан ва донаҳои каме омехта фарқ дошта, аз лиҳози мазза беҳтар аст.

Дастгоҳ барои тозакунии шолӣ. Фархор
Сурат: Asia-Plus

Ба сурати умум, интихоби биринҷ кори шахсии ҳар як харидор аст. Танҳо бояд гуфт, ки назар ба навъҳои аз хориҷа воридшуда, барои оши палав навъҳои маҳаллии биринҷ бештар мувофиқанд.

Ҳаҷми истеҳсоли биринҷ сол аз сол дар ҳоли афзоиш буда, ҳамчунин дар ҷаҳон кишварҳои зиёде мавҷуданд, ки метавон аз онҳо биринҷ харид. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон биринҷ камбуд намешавад.

Нархҳои он аз 12 сомонӣ сар шуда, вобаста ба навъ то 30 сомонӣ мерасанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.