Ҳукумати Тоҷикистон бори дигар қарзи андози ду корхонаи тобеи Хадамоти алоқа-ҶСК "Тоҷиктелеком" ва КВД "Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг"-ро аз эътибор соқит кард. Тибқи қарори ҳукумат, пардохти қарзҳо ба маблағи умумии 135 млн сомонӣ ($12,7 млн) ғайриимкон дониста шуда, аз эътибор соқит карда шуданд.
Қарзҳо вобаста ба андоз, ҷарима ва фоизҳо то 1 январи соли 2024 ҷамъ шуда буданд.
Ба ин тариқ, барои "Тоҷиктелеком" қарзҳо ба маблағи қариб 97,5 млн сомонӣ бахшида шуданд. Андозҳо ба маблағи 56,8 млн сомонӣ ва ҷаримаҳою фоизҳо ба маблағи 40,7 млн сомонӣ беэътибор дониста шуданд.
Оператори миллии телекоммуникатсионии "Тоҷиктелеком" дар бозори таъмини трафики интернет монополист (ҳукумрон) буда, ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ, ин вазъ рушди бозори алоқаро дар кишвар маҳдуд мекунад.
Ҳамчунин, қарзҳои КВД "Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг" ба маблағи тақрибан 37,5 млн сомонӣ аз ҷумла 22,4 млн сомонӣ аз андоз ва 15 млн сомонӣ аз ҷарима ва фоизҳо бахшида шуданд.
Ин бори аввал нест, ки ба ин корхонаҳо чунин имтиёзҳо аз пардохти андоз дода мешаванд.
Аввали соли гузашта ба "Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг", ки бо бартараф кардани монеаҳои электромагнитӣ — тағйироти ногаҳонии шиддат ё ҷараён дар шабака машғул аст, муҳлати пардохти қарзҳо аз андоз ба маблағи тақрибан 33 млн сомонӣ ба муддати як сол ба таъхир гузошта шуд.
Як моҳ пеш аз ин ба "Тоҷиктелеком" низ муҳлати пардохти қарзҳои андоз ва фоизҳои онҳо ба ҳамин муҳлат тамдид карда шуд, ки маблағи умумии он зиёда аз 67,2 млн сомониро ташкил медод.
Ба корхонаҳои давлатӣ давра ба давра дар шаклҳои гуногун имтиёзҳои андозӣ дода мешавад.
Масалан, дар нимсолаи аввали ҳамин сол қарзҳои андози ҶСК «Тоҷиктрансгаз», ки саҳмдори ягонаи он ҳукумат аст, дар ҳаҷми 18,5 млн доллар бахшида шуданд.
Ҳамчунин қарзҳои андози ҶСК «Суғдиён», ки ба Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумат тааллуқ дорад, низ аз эътибор соқит карда шуданд.
Ғайр аз ин, қарзҳои андози ҶСК «Барқи тоҷик», ки 100% саҳмияҳои он ба ҳукумат тааллуқ доранд ва ҶСК «НБО Роғун», ҳукумат низ саҳмдори асосии он аст, бахшида шуданд.
Ин қонунӣ аст?
Мутобиқи Тартиби эътироф намудани қарзи андоз ҳамчун қарзи чоранопазир ва аз эътибор соқит донистани қарзи андоз, ки пардохташ ғайриимкон (беумед) эътироф шудааст, қарзҳои пардохтнашуда аз рӯи андозу ҷарима ва фоизҳои вобаста ба онҳо дар ҳолатҳои зерин бахшида мешаванд:
- ҳангоми барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар ҳолати нокифоя будани молу мулки он ва (ё) имконияти пардохт накардани он аз ҷониби муассисон (иштирокчиён);
- эътироф шудани соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ҳамчун муфлис дар ҳолати нокифоя будани молу мулк;
- марги шахси воқеӣ ё эътирофи он ҳамчун фавтида, гумшуда ё ғайриқобили амал эътироф намудани шахси воқеӣ тавассути додгоҳ бо сабаби нокифоя будани молу мулки чунин шахс ё гузаштани мерос ба моликияти давлатӣ;
- қабули қарори суд, ки тибқи он мақомоти андоз ҳуқуқи ситонидани қарзи андозиро бо сабаби гузаштани муҳлати муқаррарнамудаи ситондан ё рад шудани ариза барои барқарор кардани муҳлат гум мекунанд;
- барҳам додани шахси ҳуқуқии хориҷӣ аз қайди андоз аз ҷониби мақомоти андоз дар ҳолати нокифоя будани молу мулки муассисаи доимии он ва имконияти пардохт накардани қарзи он;
- дар ҳолати офатҳои табиӣ (заминларзаҳо, обхезӣ), ҳолатҳои фавқулода (эпидемияҳо ва пандемияҳо) ва дигар ҳолатҳои ба ин монанд, ки пардохти қарзи андозро ғайриимкон месозанд.
Тавре мебинем, корхонаҳои давлатии дар боло зикршуда ба ин бандҳо дохил намешаванд. Аммо дар Тартиб банде ҳаст, ки дар асл ба ҳукумат барои бахшидани қарзҳои андозии ҳар гуна андозсупоранда ҳуқуқи номаҳдуд медиҳад:
- Сарфи назар аз муқаррароти Кодекси андози ҶТ ва ин Тартиб, Ҳукумати ҶТ метавонад қарзи андозии андозсупорандаро ҳамчун беумед (чоранопазир) эътироф кунад.
«Ин кор баҳри солимгардонии онҳо анҷом дода мешавад»
Мақомот шарҳ медиҳанд, ки чунин сабукиҳо барои беҳтар кардани вазъи молиявӣ ва иқтисодии корхонаҳои давлатии Тоҷикистон дода мешаванд.
Ҳукумат ҳанӯз дар аввали соли 2019 бо қарори худ ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода буд, ки барои коҳиши қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои муассир роҳандзӣ кунанд.
Тобистони ҳамон сол Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба идоракунии хавфҳои молиявии корхонаҳои давлатӣ таъсис дода шуд. Ба ин Шӯро вазифа дода шуд, ки манфиатҳои молиявӣ ва амволиро ҳимоя кунад, идоракунии корпоративиро ҷорӣ созад ва самаранокии фаъолияти корхонаҳои давлатиро, ки саҳми давлат дар онҳо беш аз 50%-ро ташкил медиҳад, баланд бардорад.
Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, айни замон дар Тоҷикистон беш аз 1000 корхона бо иштироки давлат сабт шудааст, ки 600-тои он дар моликияти аслии давлат қарор доранд.
«Аксарияти корхонаҳои бузурги давлатӣ зиёновар ва ғайрифаъол мебошанд, ки ин барои суботи молиявии кишвар хавфҳои молиявии ҷиддиро эҷод мекунад: зиёни умумии 25 корхонаи бузурги давлатӣ дар соли 2023 тақрибан 4,2 млрд сомонӣ (3,2% Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, (ММД)-ро ташкил дод», - гуфта мешавад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон (тобистони 2024).
Қарзи умумии 27 корхона бо иштироки давлат, ки фаъолияти онҳо зери назорати Вазорати молияи кишвар қарор дорад, дар аввали соли 2024 ба 60,8 млрд сомонӣ (зиёда аз 5,5 млрд доллар) расид. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ин нишондиҳанда ба 46,5% ММД-и соли гузашта баробар аст.
Дар рӯйхати бузургтарин қарздорҳо ҶСК «Барқи тоҷик» пешсаф аст, ки қарзи умумии он (аз ҷумла қарзҳо барои лоиҳаҳои энергетикӣ) зиёда аз 37,4 млрд сомонӣ (ҳудуди 3,4 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.
Дар зинаи дуюми қарздорони бузург дар рӯйхат ҶСК «НБО Роғун» қарор дорад, ки қарзи он 9,3 млрд сомонӣ (ҳудуди 850 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.
Аз дигар қарздорони бузург дар гузориш ҶСК «Ширкати алюминии Тоҷикистон», КВД «Роҳҳои оҳани Тоҷикистон» ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» зикр шудаанд, ки қарзи умумии онҳо дар охири соли 2023 ба 2,3 млрд сомонӣ (тақрибан 210 млн доллар) баробар буд.
Бархеро мебахшему дигаронро ҷарима мекунем
Муттахассисони мустақил таҷрибаи бекор шудани қарзҳои андози корхонаҳои давлатиро нодуруст ва беадолатона шуморида, ин амалро як навъ «кумакпулии байнисоҳавӣ» ном мебаранд: дар ҳоле, ки барои як корхона пардохтҳои ҳатмии бузург бахшида шуда, дигарон барои хурдтарин таъхири пардохтҳо ҷарима мешаванд.
Баъзе коршиносон кайҳо боз зарурати бозбинии сохтор ва хусусигардонии минбаъдаи корхонаҳои мушкилдори давлатиро таъкид мекунанд, ки метавонад бори буҷетро кам кунад, монополизатсияи иқтисодро коҳиш диҳад ва рақобати кушодаро афзун намояд, яъне ба рушди кишвар мусоидат кунад.
Аммо ба ақидаи иқтисодчӣ Баҳриддин Каримов, мақомот ва сохторҳое, ки чунин корхонаҳоро назорат мекунанд, вазъиятро ба таври дигар мебинанд ва ба шарикону мададрасонҳои байналмилалӣ танҳо ба таври зоҳирӣ ислоҳотро намоиш медиҳанд.
«Аён аст, ки сарфи назар аз камсамар буданашон, корхонаҳои давлатӣ як манбаи муҳими даромад ва фоида (рента)-и монополӣ боқӣ мемонанд, бахусус барои сохторҳое, ки онҳоро идора мекунанд», — қаблан ба “Азия-Плюс” изҳор дошта буд ӯ.
Иқтисодчӣ таъкид намуд, ки ноустувории молиявии корхонаҳои давлатӣ ба як мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст, ки онро дигар нодида гирифтан ғайриимкон аст.
«Қарзҳои корхонаҳои давлатӣ бори навбатӣ аз эътибор соқит дониста мешаванд, вале зарари онҳо ба дӯши аҳолӣ меафтад», — хулоса кард ӯ.
Ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карданд, ки аз амали васеи додани имтиёзҳои андозӣ ба баъзе корхонаҳо даст кашад, то ки барои ҳама шароити баробари рақобат фароҳам оварда шавад.
Чунин даъватҳо мунтазам аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ва Бонки ҷаҳонӣ садо медиҳанд. Масалан, намояндагони ХБА аз рӯи натиҷаҳои сафари худ ба Тоҷикистон дар аввали соли гузашта ба ҳукумат тавсия дода буданд, ки аз додани имтиёзҳои андозӣ пурра даст кашад, то маблағгузории буҷетӣ ба бахшҳои муҳими тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзоиш ёбад.
Муттахассисони Бонки ҷаҳонӣ дар Гузориши ахири худ оид ба иқтисоди Тоҷикистон (тобистони 2024) бори дигар зикр карданд, ки имтиёзҳои андозӣ «равандҳои бозориро таҳриф карда, ба рақобати одилона монеъ мешаванд».
Муаллифони гузориш таъкид доштанд, ки дар соли 2022 ҳаҷми умумии имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, ки ба ташкилотҳои тиҷоратӣ дода шудаанд, 12,7 млрд сомонӣ ё худ 10,9%-и ММД-ро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, дар соли 2023 ҳаҷми умумии имтиёзҳо аз рӯйи андозҳои дохилӣ 6,1 млрд сомонӣ (зиёда аз 550 млн доллар)-ро ташкил додааст, ки ба 34,3% аз ҳаҷми умумии даромадҳо ба буҷети соли гузашта (17,3 млрд сомонӣ) баробар аст.
Миқёси аз даст рафтани даромадҳои буҷети кишвар бо назардошти қарзҳои андозие, ки соли гузашта бахшида шуданд, хеле бештар хоҳад шуд.
Либияву Ироқи сонӣ ё лонаи ифротиён. Сурияро чӣ интизор аст ва ҳаводиси ин кишвар ба Осиёи Марказӣ чӣ хатар дорад?
Чанд соҳибкор барои фурӯши маҳсулоти пастсифат беш аз 183 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд
Иттиҳоми нав дар парвандаи чеҳраҳои шинохта. Абдулфайз Атоӣ ба қаллобӣ ҳам муттаҳам шудааст
Кадом варзишгарони тоҷик дар рӯйхати футболбозони гаронарзиши Осиёи Марказӣ ҳастанд?
Чин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фармондеҳи ҷавон"
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи обуҳаво барои 11 декабри соли 2024
Акнун соҳибони скутерҳо ҳам бояд рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ гиранд
“Пас аз мову ту ҳам олам чуноне буд, мемонад...” Ёде аз Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов
Меъёрҳои ҷойгиркуниии маълумот дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия тасдиқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста