Ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рафти сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” (11 МВт) тариқи пахши мустақим аз майдонҳои сохтмони сарбанд ва нерӯгоҳ гузориши муфассал пешниҳод гардид.
Зимни ироаи гузориш ҳамчунин Раймундас Кароблис, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Қозидавлат Қоимдодов, намояндаи доимии Шабакаи рушди Оқохон дар Тоҷикистон ширкат доштанд.
Пас аз шунидани гузориш, президент расман пули навсохтро дар ноҳияи Рошқалъа ифтитоҳ намуда, ба убури мошинҳои боркаш аз болои он иҷоза дод.
Ин пул, ки дар доираи лоиҳаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” бунёд шудааст, дорои иқтидори борбардории 40 тонна мебошад. Ин иншоот натанҳо барои осон кардани интиқоли бор ва масолеҳи зарурӣ барои сохтмони НБО-и “Себзор” истифода мешавад, балки ҳамчун пайванди муҳим байни деҳаҳои ҳамсоя дар ҳар ду соҳили дарёи Шоҳдара хидмат карда, нақши иҷтимоии муҳимро иҷро мекунад.
Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” бо риояи намунавии стандартҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракуниаш эътирофи байналмилалӣ пайдо кардааст. Ин аввалин лоиҳаест, ки ба стандарти устувории гидроэнергетикии Ассотсиатсияи байналмилалии гидроэнергетика ва ҷоизаи бонуфузи тиллоии он ноил шудаст. Ин дастовард собит мекунад, ки дар амаликунии лоиҳа манфиатҳои ҷамоатҳои маҳаллӣ пурра ба назар гирифта шудаанд.

Илова ба пули навифтитоҳшуда, лоиҳа инчунин ба бунёди инфрасохтори муҳимми иҷтимоӣ, ки ба беҳтар кардани сифати зиндагии мардум дар минтақа нигаронида шудааст, мусоидат менамояд. Аз ҷумла, бунёди ду майдончаи варзишии замонавӣ, ки шароити фароғат барои ҷавонон фароҳам мекунад ва сохтмони мактаби нав дар деҳаи Барҷангал, ки барои 200 хонанда пешбинӣ шудааст. Баъдан, лоиҳа ҳамчунин рушди шабакаи муосири обтаъминкуниро дар бар мегирад, ки дастрасии аҳолии маҳалро ба оби тоза ва доимӣ таъмин менамояд.
Тавассути ин ташаббусҳо, Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” на танҳо ба тавлиди нерӯи барқ мусоидат мекунад, балки шароити зиндагӣ ва сохтори иҷтимоии ҷамоатҳои гирду атрофро ба таври назаррас беҳтар мекунад.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи “Себзор” дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии молиявӣ ва техникии Иттиҳоди Аврупо ва ҳукумати Олмон тавассути Бонки Олмонии KFW амалӣ мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста