Дар Тоҷикистон гази моеъ “камчин” шудааст, мақомот шарҳи расмӣ намедиҳанд, вале манобеъ мегӯянд, ки ширкати “Газпром” бо сабаби камбуди гази моеъ дар фурӯши он маҳдудият ҷорӣ кардааст. Тайи як ҳафтаи охир нархи ин навъи сӯзишворӣ дар кишвар то 1 сомонӣ гарон шудааст.
Ронандагон се рӯз инҷониб шикоят доранд, ки дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гази моеъ пайдо карда намешавад ва дар ягон фурӯшгоҳе ҳам агар гази моеъ пайдо кунанд, бо нархи гарон харидорӣ менамоянд.
Шӯҳрат, як ронанда аз Душанбе дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки дирӯз аз чанд нуқтаи фурӯши сӯзишвории шаҳр натавонистааст гази моеъ харидорӣ намояд.
“Ҳоло аз 20 заправка (нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, - АП) дар яктояш газ пайдо карда мешавад. Чанд рӯз боз сарсону саргардонем. Дирӯз бо азоб аз як заправка гази моеъ пайдо кардам, ки наръаш ҳам қимат буд – 7 сомониву 50 дирам. Як ҳафта пеш гази моеъ 6 сомониву 80 дирам буд”, - гуфт ҳамсӯҳбати “Азия-Плюс”.
Ҳамчунин, сокиноне, ки аз балони газ истифода мебаранд, дар пур кардани сӯзишворӣ барои эҳтиёҷоти рӯзгор низ мушкил доранд.
Вазъ дар музофоти кишвар бадтар аст. Ҳоло нархи гази моеъ дар гӯшаҳои гуногуни кишвар чунин аст:
- Душанбе – 7, 5 сомонӣ;
- Хуҷанд – 7, 4 сомонӣ;
- Панҷакент – 7,5 сомонӣ;
- Бохтар – 7, 6 сомонӣ;
- Кӯлоб – 7,7 сомонӣ;
- Восеъ – 7, 8 сомонӣ;
Талошҳои мо барои гирифтани назари мақомот бенатиҷа анҷомид. Имрӯз, 20-уми ноябр, мо чандин маротиба ба Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ занг задем, вале касе ба тамосҳои мо ҷавоб надод.
Аммо манобеъ мегӯянд, ки ширкати “Газпром”, ки яке аз ширкатҳои асосии воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон аст, бо камбуди гази моеъ рӯбарӯ шудааст ва ба ин хотир дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориаш бо меъёри муайян газ мефурӯшад.
“Ҳоло аз рӯи навбат ва аслан шабона, баъди соати 23:00 то 8:00 харидории газ имконпазир аст, он ҳам дар як-ду сати субҳ фурӯхта мешавад ва давоми рӯз дигар гази моеъ пайдо кардан душвор аст”, - гуфт як манбаъи мо.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон гази моеъро асосан аз Қазоқистон ва Русия ворид мекунад ва аз он асосан ронандагон харидорӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2018 бо қарори ҳукумати кишвар гази моеъ ба рӯйхати молҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ дохил карда шудааст. Дар ин рӯйхат 18 маҳсулоти дигар низ мавҷуданд. Ин тасмим ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳақ дод, ки дар сурати ғайриқонунӣ боло рафтани нархи гази моеъ дар давоми як моҳ, яъне то 20 дарсад боло рафтани нархи он, барои муътадил кардани нарх дахолат кунад.
Зиндагӣ дар гӯристон. Саргузашти ду хоҳароне, ки зани дуюм шуданд, вале рӯзи хушеро надиданд
Чӣ тавр дар Тоҷикистон маркази забономӯзии Oxford фаъол шуд?
Парвози аввалини ҳавопаймо дар масири Душанбе – Кӯлоб ва баръакс дар замони истиқлол анҷом ёфт
Аз “Шабакаҳои тақсимоти барқ” то “Тоҷикаэронавигатсия”. Кумитаи андоз андозсупорони беҳтаринро эълон кард
Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдориро дархост кард
“Озод ва сабук кунед”. Ду талаби вакилони муттаҳамон ба парвандаи “табаддулоти давлатӣ”
Ҳамла ба “Крокус”. Роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, 27 нафар гумонбаранд
Аз лиҳози суръати интернети ноқилӣ Тоҷикистон дар мақоми 121-ум қарор дорад
“Аҳмади Иброҳим ва дигар рӯзноманигоронро озод кунед”. Талаби ду созмони дифоъ аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон
"Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст..." Оё Тоҷикистон то соли 2027 ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста