Дар Душанбе лоиҳаи харитаи роҳ барои бозори минтақавии неруи барқ муаррифӣ гардид. Дар он дар бораи зарурати пайваст кардани системаҳои энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ сухан меравад, то ки ягон кишвар дар масъалаи таъминот бо барқ мушкилот надошта бошад.
Ҳоло минтақа бо 12,8% талафоти неруи барқ ва ҷой доштани нуқсонҳо байни минтақаҳо рӯ ба рӯ аст, ки ба амниятии энергетикии кишварҳо таҳдид мекунад.
Рӯзи 27 ноябр дар ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкил кардани бозори минтақавии неруи барқи кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), «Лоиҳаи харитаи роҳ барои бозори минтақавии неруи барқии СҲИ» муаррифӣ шуд, ки як иқдоми муҳими рушд дар ҳамкории энергетикӣ дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Имкониятҳои истифоданашудаи энергетикӣ
Дар тавсифи харитаи роҳ барои таъсиси системаи энергетикии минтақавии пайваст дар Осиёи Марказӣ гуфта мешавад, ки сарфи назар аз захираҳои табиӣ ва имкониятҳо барои истифодаи манбаъҳои барқраоршавандаи энергия, минтақа ҳоло ҳам ба ангишт ва газ вобаста аст.
Барои мисол, Ӯзбекистон барои истеҳсоли неруи барқ 88% аз гази табиӣ вобастагӣ дорад. То соли 2040 ин кишвар бо хавфи ба охир расидани захираҳои газ дучор мешавад, ки сармоягузорӣ ба энергияи таҷдидшавандаро тақозо мекунад.
Қазоқистон, дар навбати худ, бо вуҷуди эҳтимоли афзоиши талабот, ният дорад то соли 2030 истеҳсоли энергия аз ангиштро то 50% коҳиш диҳад.
Қирғизистон ва Тоҷикистон дорои имконияти бузурги захираҳои гидроэнергетикии ҳоло ба таври назаррас истифоданашуда ҳастанд, ки мутаносибан 158 ва 527 ТВт*с соати истеҳсоли неруи барқи солонаро ташкил медиҳанд ва онҳоро метавон барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти энергетикии натанҳо кишварҳои худ, балки ҳамсояҳо низ истифода бурд.
Туркманистон барои истеҳсоли нерӯи офтобӣ имкониятҳои назаррас дорад.
Барои коҳиши таъсир ба муҳити зист ва сарборӣ ба захираҳои истихроҷӣ, сармоягузорӣ ба энергияи таҷдидшаванда зарур аст. Инфрасохтори муосири минтақа барои ҳамгироии иқтидорҳои бузург дар манбаъҳои барқароршаванда омода нест ва он сармоягузориҳои бузург талаб мекунад. Ҳамоҳангии самаранок дар сатҳи минтақавӣ метавонад устувории шабакаҳои энергетикиро беҳтар созад.
Системаи энергетикии муттаҳида
Минтақа бо талафоти неруи барқ (12,8%) ва ҷой доштани нуқсонҳо байни минтақаҳо рӯбарӯ аст, ки ба амниятии энергетикӣ таҳдид мекунад. Барои беҳтар кардани вазъият сармоягузорӣ ба бунёди хатҳои баландшиддати нави барқ ва таъсиси системаи ҳамгироишуда лозим аст.
Кишварҳои минтақа бидуни назардошти вобастаи ҳамдигар будани системаҳои энергетикӣ, стратегияҳои энергетикии худро ҷудогона таҳия мекунанд. Ҳамгироии системаҳо дастрасӣ ба манбаҳои барқароршавандаро таъмин сохта, имконият медиҳад, ки кишварҳо дар ҳолати норасоии энергия ба якдигар кумак кунанд. Ин инчунин устувории системаро беҳтар карда, вобастагӣ аз манбаъҳои сӯзишвориро коҳиш медиҳад.
Системаи энергетикии муттаҳида имкон медиҳад, ки манбаъҳои табиӣ, аз ҷумла газ ва уран, самараноктар истифода шаванд ва истифодаи энергияи ҳиссаи сӯзишвориаш кам ба таври назаррас афзоиш ёбад.
Ҳамгироии бозорҳои энергетикӣ тарифҳои неруи барқро кам карда, рақобатпазириро баланд мебардорад ва ба беҳбуди иқтисоди минтақа, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва беҳтар кардани баробарии гендерӣ кумак мерасонад.
Барои пайвасти муваффақонаи энергетикии минтақа як равиши ҳамоҳангшуда ва ҳамаҷониба лозим аст, ки барои рушди устувор ва шукуфоии ҳамкориҳо муҳити ягона муҳайё созад.
Барои ҳамгироии муваффақонаи инфрасохтори энергетикӣ ва бозорҳо дар Осиёи Марказӣ як тарзи маҷмӯавии бисёрҷабҳа зарур аст, ки омилҳои техникӣ, сиёсӣ, молиявӣ ва тадорукотиро муттаҳид кунад ва ба фароҳам сохтани муҳити мусоид барои амалисозии манфиатҳои иқтисодӣ ва экологӣ дар кишварҳои минтақа кумак расонад.
Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд
Дар Теҳрон 60-солагии Фарзонаро таҷлил мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Меҳмони тозаворид”
Эмомалӣ Собирзода ба ҷойи Шералӣ Мирзо. Вазири нави дифоъ кист ва кадом мушкилоти соҳа дар пешорӯяш аст?
Дар Душанбе марди гумонбар ба содир кардани 12 ҷинояти қаллобӣ боздошт шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2025
Интизориҳои ҷомеа аз Носир Саид ва хотираҳо аз Нуриддин Саид. Онҳо кистанду чӣ корнома доранд?
Дар Бохтар озмоишгоҳи замонавии “Агро олам”, ки таркиби хокро меомӯзад, ба кор оғоз кард
Ҳабибулло Воҳидзода, ки ҳамчун додситони кулли нави Тоҷикистон пешниҳод шуд, кист?
Чӣ тавр дар шароити хона занбӯруғ парвариш мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста