Аз оғози соли 2025 арзиш ё рентаи содиротии сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом, пахтаи коркардашуда, нахи пахта, калоба ва дигар анвои он ду баробар баланд шуд. Дар ин бора Кумитаи андози Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, аз 1-уми январи соли 2025 меъёри рентаи содиротӣ ба андозаи 4% муқаррар гардидааст. То 31-уми декабри соли 2024 меъёри мазкур 2%-ро ташкил медод.
Рентаи содиротӣ ё даромади собит барои содироту бархе молу маҳсулот дар қонунгузории андози кишвар мафҳуми нав аст. Он дар Кодекси нави андоз, ки аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифт, пайдо шуд.
Мувофиқи моддаи 321-и Кодекси андоз, аз чунин маҳсулоте, ки аз Тоҷикистон содирот мешавад, андозсупорандагон рентаи содиротӣ мепардозанд:
- консентрати металлҳои қиматбаҳо, сиёҳ, ранга, нодир, радиоактивӣ;
- ашёи хоми кимиёвии кӯҳӣ;
- ашёи хом аз сангҳои ороишии аз коркарди аввалия гузашта;
- сангҳои қиматбаҳо;
- пахтаи коркарднашуда;
- нахи пахта;
- калоба ва ресмони пахтагин;
- пилла;
- риштаи абрешимӣ;
- пашм ва пӯст;
Мувофиқи қонунгузории Точикистон рентаи содиротӣ як намуди андозест, ки онро истифодабарандагони захираҳои табиӣ месупоранд.
Бинобар ин, субъектҳои хоҷагидоре, ки аз 1-уми январи соли 2025 содироти молҳои номбаршударо аз ҳудуди Тоҷикистон анҷом медиҳанд, уҳдадор мебошанд, ки рентаи содиротиро бо меъёри 4% аз манбаи андоз ҳисоб ва ба буҷети давлатӣ пардохт кунанд.
Ин муқаррарот то 31-уми декабри соли 2026 пешбинӣ шудааст ва аз 1-уми январи соли 2027 ин андоз боз то 6% баланд хоҳад шуд.
Ба иттилои омори расмӣ, дар 11 моҳи соли 2024 аз Тоҷикистон беш аз 345 млн доллар сангу фузулоти қимматбаҳо ба хориҷа содир шудааст.
Инчунин, 250 млн доллар газвори нассоҷӣ, ба мисли нахи пахта, риш ва калоба аз кишвар содирот шудааст. Аз ин маблағ то кунун 2% андоз ё худ рентаи содиротӣ пардохт шудааст.





Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста