Ҷараёни савдо ва сармоягузорӣ, болоравии нархи тиллои содиротӣ ва паст шудани арзиши манбаъҳои энергияи воридотӣ, ба Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки рушди воқеии ММД-ро дар соли 2025 дар сатҳи 8,4% таъмин кунад. Инро таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) пешгӯӣ кардаанд.

Ин нишондиҳанда ҳатто аз пешгӯии ҳукумати ҷумҳурӣ, ки на камтар аз 8% муқаррар шудааст, бештар мебошад.

Сатҳи таваррум дар соли ҷорӣ, тибқи пешгӯии БАОР, 5,9%-ро ташкил дода, то охири сол «ба туфайли талаботи баланд дар иқтисод» ба нишондиҳандаи мақсадноки Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бармегардад.

Қобили зикр аст, ки нишондиҳандаи мақсадноки таваррум дар ҳудуди 6,0% (±2 банди фоизӣ) боқӣ мемонад. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 дар ҷумҳурӣ сатҳи пасттарини рекордии таваррум дар замони соҳибистиқлолӣ - 3,6% ба қайд гирифта шуд.

Таҳлилгарони БАОР андаке баланд шудани меъёри бозтамвил (1 банди фоизӣ)-ро дар пасманзари тҷдриҷан баргаштани таваррум ба сатҳи нишондиҳандаи мақсаднок аз эҳтимол дур намедонанд.

Ёдрас мекунем, ки меъёри бозтамвил аз 5 августи соли 2024 дар сатҳи 9,0% қарор дорад.

Тибқи қонунгузорӣ, меъёри бозтамвил меъёри минималии фоизие мебошад, ки тибқи он БМТ ба бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷиҳати таъмини пардохтпазирии кӯтоҳмуҳлат қарз медиҳад.

Мутахасисони БАОР бар ин назаранд, ки қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА дар охири соли 2025 дар сатҳи 11 сомонӣ қарор хоҳад гирифт. Начандон зиёд беқурбшавии арзи миллии Тоҷикистон нисбат доллар ба “афзоиши воридот ва коҳиши интиқоли маблағҳо” рабт дода мешавад.

Рӯзи 8 январ қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар дар сатҳи 10,9450 сомонӣ барои 1 доллар муқарар шуда буд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, давоми соли 2024 қурби сомонӣ нисбати доллар ба андозаи 0,2% боло рафт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.