Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз сифати корҳои навсозии роҳи “Қалаихумб - Ванҷ - сарҳади Рӯшон” норозигӣ баён карда, аз рафти сохтмон нигаронӣ кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ин ниҳод иттилоъ додааст.
Азим Иброҳим, рӯзҳои 3-4-уми январ ба ВМКБ сафар карда, аз қитъаи таҷдидшавандаи роҳи “Қалаихумб-Ванҷ-сарҳади Рӯшон” дидан кардааст.
Манбаъ навиштааст, ки вазир аз раванди кор дар нақби дуюм, махсусан аз ҳолати баромади нақб изҳори нигаронӣ кардааст.
“Гарчанде, вобаста ба резиши рег ва ноустувор будани ҷинсҳои куҳӣ кори сохтмончиёнро каме мушкил шуда бошад ҳам, аммо ташкили кор ба талабот ҷавобгӯ набуд”, -навиштааст сомонаи вазорат.
Гуфта шудааст, ки дар оянда роҳсозон барои рух надодани резиши сангу рег, баландиҳои кӯҳро бо истифода аз техника ҳамвор мекунанд.
Азим Иброҳим барои босифат ва саривақт ба итмом расонидани корҳои таҷдиду навсозии роҳи мазкур ба коргарон ва мутахассисон супориш додааст. Аммо дар хусуси супоришҳои вазир иттилои мушаххас дода нашудааст.
Бояд гуфт, ки корҳои таҷдиду навсозии қитъаи “Дарвоз –Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон”- и ВМКБ бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар моҳи сентябри соли 2022 оғоз гардида буд. Тибқи нақшаи Вазорати нақлиёт роҳ бояд дар шашмоҳаи аввали соли 2025 ба итмом расонида шавад.
Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод анҷоми корҳои таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди “Қалаихумб - Ванҷ - сарҳади Рӯшон”-ро то охири соли 2024 ба нақша гирифта буд. Аммо бо сабабҳои номаълум то ҳол корҳои сохтмонии роҳи мазкур ба итмом нарасидааст.
Қаблан, Азим Иброҳим вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки ин қитъаи роҳи Душанбе - Қулма қисмате аз долони байниминтақавӣ буда, Чину Тоҷикистонро бо Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Туркия пайваст мекунад.
Ба гуфтаи вазир, масофаи ин роҳ ба воситаи сохтмони ду нақб, долони зиддитармавӣ (галерея) ва пулҳо 16 км - аз 109 км то 93 км кӯтоҳ мешавад.
Қобили зикр аст, ки қитъаи “Қалъаихумб - Ванҷ - сарҳади Рӯшон” қитъаи душворгузари роҳи мошингарди Душанбе - Хоруғ - Қулма маҳсуб меёбад.
Барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии он ҳукумати Чин дар ҳаҷми 230 млн доллар грант ҷудо кард. Ба корҳои асосии таъмиру навсозии ин қитъа ширкати China Road and Bridge Corporation (CRBC)-и Чин машғул аст.
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста