Ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода рӯзи 3 феврал дар Кувейт бо Директори генералии Фонди кувейтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар дидору гуфтушунид кард.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Завқизода ба роҳбарияти Фонд барои дастгирии пайваста ва саҳми арзандааш дар рушди инфрасохтори кишвар изҳори сипос намуда, махсусан аз маблағгузории сохтмони НБО “Роғун”, ки дар тақвияти амнияти энергетикии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад, қадрдонӣ кард.

Дар ҷавоб ба дархости ҷониби Тоҷикистон Фонди кувейтии рушди иқтисодиёти араб изҳори омодагӣ намуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки кишвар маблаггузорӣ менамояд.
Зикр шуд, ки то имрӯз Фонди кувейтии рушди иқтисодиёти араб барои маблағгузории лоиҳаҳо дар бахшҳои нақлиёт, энергетика ва инфрасохтори Тоҷикистон тахминан 200 миллион доллар ҷудо намудааст.
Қаблан зикр гардида буд, ки Фонди кувейтии рушд барои сохтмони НБО “Роғун” ба маблағи 100 млн доллар бастаи қарз ҷудо мекунад.
Созишномаи дахлдор дар ин бора дар Душанбе аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори генералии фонд Валид Шимлон Ал-Баҳар ба имзо расонида шуд.
Маблағҳо давра ба давра дар доираи шаш созишномаи ҷудогона ҳар кадоме ба маблағи 16,7 млн доллар ҷудо карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста