Соли гузашта дар вилояти Суғд 118 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст. Дар ин бора имрӯз, 5-уми феврал зимни нишасти матбоутӣ Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд хабар дод.
Номбурда сабаби қатъи фаъолияти корхонаҳоро “рақобат карда натавонистан, мавсимӣ будани корхонаҳо ва аз қайд набаровардани корхонаҳое, ки солҳои пеш фаъолияташон қатъ шуда буд" унвон кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар баробари ин, соли гузашта дар вилоят 164 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ таъсис ёфтаанд, ки қисми зиёди корхонаҳо дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост меояд.
“Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2023 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 120,1 фоизро ташкил кард”, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.
Ба иттилои вай, корхонаҳои саноатии вилоят тавонистанд, ки дар ин давра беш аз 250 намуди маҳсулоти саноатиро истеҳсол кунанд, ки бештар маҳсулоти воридотивазкунанда аст.
Корхонаҳои саноатии вилоят дар ин давра меваҳои тару тоза ва афшураҳо,нахи пахта, маҳсулоти маъданӣ ва ғайра ба дигар давлатҳо содирот карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд маҷмӯан дар соҳаи саноат 1229 корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, аз он 38 корхонаҳои хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд ва дар корхонаҳои вилоят 258 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад.
Қаблан, дар пайи як сафари матбуотӣ ба корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд маълум шуд, ки чанд корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд ба коргар ниёз доранд, ҳарчанд масъулини корхонаҳо мегӯянд, шароити корӣ ва маоши хуб ҳаст.
Аз 6 корхона, ки рӯзноманигорон дидан карданд, дар 4-тои он дар маҷмуъ, наздикӣ 450 коргар намерасид.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста