Бузургтарин корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон - ҶСК “Азот” соли 2024 ба маблағи ҳудуди 111 млн сомонӣ (10,2 млн доллар) маҳсулот истеҳсол кард. Тавре ки дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар доданд, ин қариб 52 млн сомонӣ (4,7 млн доллар) камтар нисбат ба соли 2023 мебошад.
«Сабабҳои коҳиши истеҳсоли маҳсулот дар муқоиса бо соли гузашта норасоии нерӯи барқ дар семоҳаи аввали соли 2024 ва қатъ шудани интиқоли гази табиӣ дар семоҳаи чоруми ҳамин сол мебошад», — таъкид карданд дар Вазорат.
Илова бар ин, соли гузашта фурӯши пурраи қисми зиёди маҳсулоти истеҳсолкардаи ин корхона муясссар нашудааст.
Дар ҶСК «Азот» дар баробари карбамид инчунин оксиди карбон, хокаи гумин ва гумати калий истеҳсол мешавад.
Мувофиқи арзёбии мутахассисон, барои таъмини пурраи кишвар истеҳсоли ҳудуди 600 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ зарур аст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар ҶСК “Азот” ва корхонаи кимиёвии “Ёвон” каме бештар аз 35 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Дар мақомоти дахлдор зикр мекунанд, ки дар сурати пурра коршоям будани хатҳои технологии корхонаи “Азот” ҳамасола истеҳсоли 123,6 ҳазор тонна аммиак ва 180 ҳазор тонна карбамид имкон дорад. Дар корхонаи “Талко Кемикал” дар Ёвон ҳамасола истеҳсоли то 75 ҳазор тонна маҳсулот ва ба ин васила ноил гардидан ба қатъи воридоти нуриҳои фосфорӣ пешбинӣ шудааст.
ҶДММ “Азот” (собиқ Корхонаи нуриҳои азотии Вахш) яке аз корхонаҳои бузурги Тоҷикистон мебошад, ки моҳи апрели соли 2023 пас аз солҳои тӯлонӣ аз фаъолият бозмондан, кори худро барқарор кард. Корхона дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ҷойгир аст. Корхона соли 2009 аз фаъолият бозмонда буд. Бар асари солҳои зиёд аз фаъолият бозмондан, қисми зиёди таҷҳизоти технологӣ аз кор баромад. Соли 2021 масъулияти барқарор намудан ва таъмиру навсозии корхонаро ширкати “Осиё кемикал” ба дӯш гирифт. Маблаггузории аввалияи хароҷоти сармоягузорӣ 200 млн сомонӣ арзёбӣ шуда буд. Дар амал бошад, зиёда аз 400 млн сомонӣ сармоягузорӣ сурат гирифт.