Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуоти имрӯз, 12 феврал дар Душанбе изҳор дошт, ки зиёда аз 90%-и гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистону Русия дар соли 2024 бо истифодаи рубли Русия сурат гирифтааст.
Ӯ зикр кард, ки соли 2021 тақрибан 50%-и савдои дуҷониба байни ду кишвар ба рубл ва 50%-и боқимонда ба доллар рост меомад.
Ба гуфтаи раиси БМТ, бонкҳои Тоҷикистон барои коҳиши хавфҳо кӯшиш мекунанд бо он бонкҳои Руситя ҳамкорӣ кунанд, ки таҳти таҳримҳо қарор надоранд.
Қобили зикр аст, ки тамоили тадриҷан даст кашидан аз доллар ба нафъи рубл дар гардиши молу маҳсулоти дуҷониба пас аз муноқишаи мусаллаҳона дар Украина ва аз ҷониби Ғарби дастаҷамъӣ ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбати Русия оғоз гардид.
Аз он дам дар муддати се соли ахир дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон ба мисли солҳои пешин камбуди доллар ба назар намерасад.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии гардиши молу маҳслуот байни Тоҷикистону Русия дар соли гузашта 1 млрд 982 млн долларро ташкил додааст, ки 15,6% зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст.
Ҳудуди 95,2% аз ҳаҷми савдои дуҷониба ба интиқоли молу маҳсулот аз Русия ба Тоҷикистон рост меояд.
Маблағи умумии содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Русия каме бештар аз 96 млн долларо ташкил додааст.
Аз Русия ба Тоҷикистон молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла маҳсулоти зарурати аввалия, масалан маҳсулоти нафтӣ ворид карда мешавад.
Аз Тоҷикистон ба Русия асосан сабзавоту мева, инчунин баъзе маҳсулоти минералӣ (маъдан ва консентратҳо) содир карда мешаванд.
Дар савдои хориҷии Тоҷикистон Русия пешсаф боқӣ мемонад, ҳарчанд тайи солҳои ахир Чин ба он хеле наздик шуд. Соли 2024 ҳиссаи Русия дар гардиши молу маҳсулоти хориҷии Тоҷикистон 22,1% ва Чин - 21,8%-ро ташкил дод.
Афзоиши гардиши молу маҳсулот бо Чин тайи солҳои ахир 30,1%-ро ташкил дод, ки қариб ду баробар зиёдтар аз Русия аст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста