Ширкати CARPI Tech-и Фаронса ба иштирок дар амалисозии лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ин омодагӣ рӯзи 19 феврал зимни вохӯрии раҳбарияти Вазорати энергетикаи ҶТ бо намояндагони ширкати фаронсавӣ зикр шуд.
“Аз ҷумла, ширкати мазкур ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Зарафшон изҳори ҳавасамандӣ намуд”, - таъкид мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот намояндагони ширкати «Carpi» рӯнамои фаъолияти ширкатро пешниҳод намуда, доир ба иқтидор, таҷрибаи байналмилалӣ ва лоиҳаҳои амалинамудаи он, бахусус дар самти бунёди сарбандҳои неругоҳҳои барқи обӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, маълумот доданд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, имконоти гидроэнергетикии дарёи Зарафшон (ҳамроҳ бо шохаҳояш - дарёҳои Мастчоҳ ва Фондарё) 33,94 млрд кВт/соат дар як сол арзёбӣ мешавад.
Ду маҷрои дарё (ҷойи дарғот) мавҷуд аст, ки барои сохтмони НБО бо обанбор мувофиқ ва қулай аст. Дарозии дарё 877 км ва масоҳати минтақаи ҷамъоварии об - 12,3 ҳазор км-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки доир ба қарордоди сохтмони 2 неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳанӯз соли 2018 тавофуқи пешакӣ ҳосил карда буданд.
Моҳи июни соли 2022 сарони ҳарду кишвар зимни сафари расмии Мирзиёев ба Тоҷикистон ба сохтмони яке аз ин 2 неругоҳ - НБО “Ёвон” бо иқтидори 140 мегаватт ҳусни оғоз бахшиданд.
Нархи тахминии НБО “Ёвон” 282 млн доллар арзёбӣ шуда, дар он ҳамасола 700-800 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол мешавад. Иқтидори лоиҳавии неругоҳи 2-юм дар дарёи Зарафшон тибқи маълумоти пешакӣ, 180 МВТ-ро ташкил хоҳад дод.
Нерӯгоҳоҳҳои сохташуда дар як сол то 1400 млн кВт/соат нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол хоҳанд кард, ки танҳо барои бароварда сохтани эҳтиёҷоти Ӯзбекистон истифода мешавад.
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста