Имтиёзи ҳукумат оид ба озод кардани ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барои воридоти ду ҳавопаймои “Boeing" аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) то моҳи августи соли 2026 тамдид карда шуд.

Дар ин бора қарори ҳукумат қабул шуд, ки онро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кардааст. “Азия-Плюс” бо нусхаи ин қарор имрӯз, 7-уми апрел шинос шуд.

"Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ширкати ҳавопаймоии Сомон-Эйр" дар муҳлати тамдиди (то 30 августи соли 2026) воридоти муваққатии 2 адад ҳавопаймоҳои тамғаи "Боинг 737-800" (рақами корхонавиашон 39861 ва 39868) аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда, ки қонунгузории гумрукӣ ҳангоми воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёт пешбинӣ менамояд, озод карда шавад", - гуфт мешавад дар қарори ҳукумат.

Вале маблағи боҷи гумрукӣ ва АИИ, ки ин ширкат барои ду ҳавопаймо озод карда шуд, маълум нест.

“Сомон Эйр” қаблан хабар дода буд, ки ҳавопаймоҳои “Boeing 737-800” аз ширкати лизингии “Aviation Capital Group” гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки соли 2022 дар асоси тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба муддати 5 сол аз пардохти андози даромад ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод гардиданд.

Дар асоси он то соли 2027 ширкатҳои хориҷӣ ё ғайрирезидентҳое аз андоз озод шудаанд, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон чархбол, муҳаррику қисмҳои эҳтиётӣ медиҳанд ва ё таъмиру хидматрасонӣ мекунанд.

Зимнан, ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои ворид кардани сӯзишворию моеъҳои кимиёвӣ ва равғанҳои молиданӣ, воридоти худи ҳавопаймову чархбол, муҳаррикҳое, ки бевосита аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ворид мешавад, андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) намесупоранд.

Дар порлумон яке аз далелҳои пешниҳоди сабукӣ арзон кардани билети ҳавопаймо муаррифӣ гардид, аммо амалан тағйироти чашмрас дида намешавад.

Имтиёз додан ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон амалан як ширкати ҳавопаймоии ватанӣ – “Сомон Эйр” фаъолият мекунад, ки он ҳам ғайридавлатӣ аст. Ширкати ҳавопаймоии давлатии “Тоҷик Эйр” ба мушкили молӣ печида, тақрибан аз фаъолият бозмондааст. Чанд сол аст ҳукумат мехоҳад вазъи онро беҳбуд бахшад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.