Зимни суханронӣ дар форуми “Табдили рақамӣ: дурнамо ва роҳҳои ҳал” дар Душанбе раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло изҳор дошт, ки сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон ба фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рақобати солим дар бозори телекоммуникатсия нигаронида шудааст.
Тавре ки дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ӯ зикр кард, ки бахши хусусӣ дар бозори телекоммуникатсияи Тоҷикистон нақши асосӣ дошта, аз 30 ширкату провайдерҳое, ки фаъолият мекунанд, 29-то ба ин бахш рост меояд.
“Фароҳам овардани заминаи муносиби рушд ва муосиргадонии фаъолияти ширкатҳои мобилӣ ва провайдерони алоқаи собит яке аз омилҳои муҳими дар боло бурдани сатҳи хизматрасониҳои алоқаи барқӣ мебошад”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Исфандиёри Саъдулло, дар асоси татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқа баланд бардоштани суръат ва сифати алоқаи барқӣ дар кишвар, таъмини пӯшиши радиоии муносиб дар тамоми қаламрави мамлакат, ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи ҷомеа мутобиқ намудани соҳаи алоқа, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ дар бозори телекоммуникатсионӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳим аст.

Тавре ки АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, форум дар доираи ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ доир гардид. Дар ҷаласа намояндагон аз 19 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Муғулистон, Туркманистон, Афғонистон, Булғористон, Латвия, Литва, Словения ва намояндагони Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) иштирок намуданд.
Директори генералии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа Алексей ба талошҳои Тоҷикистон барои рушди робитаҳои қавӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти соҳа баҳои баланд дод.
“Дар доираи ин ҷаласа, ки чанд рӯз идома меёбад, мо якчанд масъалаи муҳими соҳаи алоқаро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, - иброз дошт Алексей Бородин. - Омодагӣ ба Ассамблеяи радиоалоқа, Конфронси умумиҷаҳонии радиоалоқа, ки дар назар аст соли 2027 баргузор гардад, инчунин 160-солагии Иттиҳоди байналмилалии алоқа аз ҷумлаи онҳо мебошанд”.
Намояндаи ширкати «Huawei Technologies Co., Ltd.» Александр Гуляев иброз дошт, ки “мо дар замони беназире зиндагӣ дорем, ки пешрафти техника ҳар рӯз суръат мегирад”.
“Аз ин рӯ таъмин намудани сифати алоқаи мобилӣ ва интернет барои мо василаҳои нави тиҷорат ва муоширатро муҳайё месозад, - гуфт ӯ. - Инчунин эътимоди муштариёнро ба сифату суръати интернет таҳким мебахшад. Барои қонеъ намудани эҳтиёҷи бозор дар самти алоқаи мобилӣ давлатҳоро зарур аст, ки барои таъмини интернети мобилӣ ва технологияи рақамӣ корҳои муҳимро анҷом диҳанд”.

Иштирокчиёни форум доир ба густариши ҳамкории мутақобили судманд байни операторони алоқаи барқии мамлакат, фароҳам овардани дастрасии ҳамсон ба алоқаи барқӣ дар давлатҳо, навсозии инфросохтори соҳа, бунёди майдонҳои нави истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ бо стандартҳои 4G ва 5G изҳори назар карданд.
Ҳамчунин дар бораи муносиб намудани арзиши хизматрасониҳо, пайваст шудани шабакаҳои телекоммуникатсионии мамлакат ба таври мустақим ба системаи байналмилалии шабакаҳои кабелии зериуқёнусии интернет, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси марказҳо ва махзанҳои коркарди маълумоти калонҳаҷм, густариши истифодаи шабакаҳо ва технологияҳои алоқаи моҳвораӣ табодули назар шуд.
Инчунин масъалаҳои муҳими танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ дар сатҳи давлатҳои минтақа ва фароминтақа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Ҷаласаи 27-уми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа доир ба танзими спектри радиобасомад ва мадори моҳвораӣ бо ибтикори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони байнамилалии алоқа ва Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа аз 7 то 11 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе идома меёбад.
Тоҷикистон аз соли 1991 аъзои комилҳуқуқи Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ буда, ҷаласаи ин комиссия дар Тоҷикистон бори нахуст баргузор мешавад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста