Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия супориш додааст, ки дар соли 2025 барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” иловатан 200 млн сомонӣ (наздики 19 млн доллар) равона кунад.
Дар асоси ду қарори алоҳидаи ҳукумат, ки пойгоҳи иттилоотӣ ва ҳуқуқии Вазорати адлия нашр кардааст, 110 млн сомонӣ аз ҳисоби Фонди муътадилгардонии рушди иқтисод ва 90 миллион сомонӣ аз ҳисоби иҷрои барзиёди буҷети давлатӣ барои пурра намудани сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» равона карда мешавад.
Қаблан, низ бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 22-юми январи соли равон, аз ҳисоби Фонди муътадилгардонии рушди иқтисод барои пур кардани сармояи оинномавии “Роғун” 150 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд.
Соли 2024 барои идомаи сохтмони “Роғун” аз ин фонд тақрибан 280 миллион сомонӣ (беш аз 25 миллион доллар) равона гардида буд.
Маблағҳо ба Фонди муътадилгардонии рушди иқтисод аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани қисми даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таркиб меёбад.
Дар буҷети давлатӣ барои соли 2025 пешбинӣ шудааст, ки 25% аз чунин маблағҳо ба фонд равона карда мешавад.
Бояд гуфт, ки барои сохтмони “Роғун” аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2025 тақрибан 5 миллиард сомонӣ (ҳудуди 480 миллион доллар) пешбинӣ шудааст. Ин тақрибан 10% аз хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли ҷорӣ мебошад.
Боз чӣ қадар маблағ лозим аст?
Бо иттилои Вазорати молия, барои ба итмом расонидани сохтмони “Роғун” бо чанде аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ ба маблағи умумии 812 миллион доллар созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки аз ин 462 миллион доллар қарзҳо ва 350 миллион доллар грант мебошанд.
Барои пурра ба анҷом расонидани “Роғун” Тоҷикистон ба 6,4 миллиард доллар ниёз дорад
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2008 барои сохтмони “Роғун” беш аз 40 миллиард сомонӣ (тақрибан 4 миллиард доллар) сарф шудааст.
Пештар раисиҷумҳур хабар дода буд, ки агрегати навбатии “Роғун” соли 2025 ба истифода дода мешавад. Ду агрегати аввалини неругоҳ, ки дар ҳоли ҳозир бо иқтидори кам фаъолият мекунанд, дар солҳои 2018 ва 2019 ба истифода дода шуда буданд.
Дар маҷмуъ 6 агрегати иқтидори ҳар кадоми онҳо 600 МВт дар утоқи мошинсозии неругоҳ насб карда мешавад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини ин нерӯгоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ соли 2035 пешбинӣ шудааст.
Интизор меравад, ки “Роғун” бо иқтидори насбшудаи 3600 МВт бузургтарин неругоҳ барқии обӣ дар Осиёи Миёна гардад.
Пас аз ба итмом расидани сохтмон, ҳаҷми солонаи истеҳсоли неруи барқ аз 13 то 17 миллиард кВтс мерасад, ки баробар бо 65-85% ҳаҷми солонаи истеҳсоли неруи барқ дар кишвар аст.
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лайк" бекор шуд. Бо ин ҷурм ба зиндон рафтагон озод мешаванд?
Дарёфти ду ҷасад аз обҳои Тоҷикистон дар як рӯз
“Чаро барои хатои дигарон, мо пул диҳем?”. Ҷарима барои қоидавайронкунии ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро кӣ бояд пардохт кунад?
Даромади умумии операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ будааст
Озмоишҳо дар марзи Қазоқистону Русия: қиссаи як хонаводаи тоҷик, ки мехост ҳузурашро дар Русия қонунӣ кунад
6 миллиард рубл хисорот ва 500 ҷилд парванда. Бастрикин ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро гуфт
Аз намоиши “Рӯбоҳи ҳилагар” то рӯнамоии маҷмӯаи “Килки сабз”. Дар Душанбе иди кӯдакон чӣ гуна таҷлил мегардад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 3
Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон зиёд гардид. Муоинаи техникӣ ҳам гарон шуд (КАЛКУЛЯТОР)
Ҳалокати писарбачаи 2-сола дар кӯдакистони Душанбе. Мураббӣ боздошт шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста