Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати “Осмони кушод” ҷорӣ кард, ки тибқи он аз ин ба баъд низоми паритет ё баробарӣ дар парвозҳо, ки қаблан шумораи парвозҳои ширкатҳои хориҷиро бо ширкатҳои дохилӣ баробар ва маҳдуд мекард, бекор карда мешавад.

Ҳукумати кишвар расман эълон кардааст, ки сиёсати “Осмони кушод” дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар ҷорӣ мегардад. Қарори марбут 12-уми июни соли ҷорӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар имзо шудааст.

Тибқи қарори нав, ҳама гуна маҳдудиятҳо барои ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар зичии парвозҳо ва ё шумораи ҷойҳои нишаст, шумораи таъинот дар хатсайр, маҳдудиятҳои таърифӣ барои интиқоли байналмилалии ҳавоӣ, шумораи ширкатҳои ҳавопаймоӣ бекор карда мешавад.

Мақсади ин қарор вусъат додани ҳамкорӣ ва зиёд кардани парвозҳо буда, он барои рушди рақобат, беҳтар шудани сатҳи хизматрасонӣ ва дастрасии бештари парвозҳо барои мусофирон равона шудааст.

Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки дархости ширкатҳои ҳавопаймоиро қонеъ гардонида, ҷадвали парвозҳои онҳоро сари вақт тасдиқ намояд.

Зимнан, дар қарор баъзе маҳдудиятҳои муваққатӣ ҳам ҳаст. Аз ҷумла, низоми баробарӣ дар парвозҳо барои 18 самт то се соли оянда боқӣ хоҳанд монд. Ин 18 самтро Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандӣ маълум мекунад. Пас аз анҷоми ин муҳлат, сиёсати нави “Осмони кушод” пурра эътибор пайдо мекунанд ва бе истисно татбиқ мегардад.

Сиёсати “Осмони боз” як таҷрибаи байналмилалӣ аст, ки назорати давлатро бар таъйини хатсайрҳо, нархи билети парвоз ва бисёр маҳдудиятҳо аз байн мебарад.

 

“Turkish Airlines” аллакай аз афзоиши парвозҳо хабар дод

Аввалин ширкати хориҷие, ки баъди қабули ин қарор парвозҳои худро афзоиш дод, "Turkish Airlines" мебошад. Ин ширкат эълон кард, ки аз моҳи август шумораи парвозҳо байни Истанбул ва Душанбе бо иловаи рӯзҳои сешанбе ва шанбе аз 3 ба 5 маротиба дар як ҳафта хоҳад расид.

Акси марбут
Акс аз turkishairlines.com

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз моҳи январи соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шӯрои машваратии беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар робита ба сиёсати “Осмони боз” таваҷҷуҳ карда, ҷанбаҳои фоидаовари онро дар мисоли кишварҳое, ки онро роҳандозӣ кардаанд, таъкид карда буд.

Роҳбари давлат ба Оҷонси ҳавонавардӣ супориш дода буд, ки барои амалӣ кардани ин сиёсат ва бештар кардани хатсайрҳои ҳавоӣ чораҳои зарурӣ андешад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.