Фонди саудии рушд барои сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб 30 миллион доллар ҷудо кардааст. Созишномаи лоиҳа миёни Фонди саудии рушд ва ва Вазорати молияи Тоҷикистон имрӯз, 3-юми июлба имзо расидааст.
Дар ин бора аз Сафорати Арабистони Саудӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Роҳи ҳалқавии Кӯлоб 14,5 километр дарозӣ дорад, ки мувофиқи нақша бояд дар асоси стандарти байналмилалии сохтмони роҳ сохта шавад. Роҳи мазкур дар шоҳроҳи байналмилалии Тоҷикистон - Чин ҷойгир аст ва “бинобар ин, дар рушди логистикаи минтақавӣ нақши муассирро иҷро карда, дар ин масир ҳаракати нақлиётро беҳтар менамояд”.
Гуфта мешавад, ки дар доираи лоиҳа сохтмони ду шоҳроҳ, ду пул, истгоҳи боркашии нақлиёти вазнин ва техникаи роҳсозӣ дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 3-юми июл Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни дидор бо Султон Абдурраҳмон ал-Маршад, раиси Фонди саудии рушд дар Душанбе бобати ҷудо кардани 130 миллион доллар барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” ва бунёди роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб сипосгузорӣ кард.
Ҷонибҳо ҳамчунин, масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.
“Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди Саудии Рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот буд”, - гуфтааст хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Бояд гуфт, Фонди Саудии Рушд дар Тоҷикистон то имрӯз лоиҳаҳои бузургеро ба маблағи умумии 325 миллион доллар амалӣ намудааст ва роҳандозии тарҳи сохтмони “Роҳи ҳалқавии Кӯлоб” 14-ум лоиҳаи бузурги ин кишвар ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки Фонди саудии рушд аз аввалин ниҳоди сармоягузории байналмилалӣ буд, ки барои сохтмони НБО "Роғун" 100 млн доллари қарзи бебозгашт дод.




“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста