Дар нимсолаи аввали соли 2025 муяссар гардид, ки майдони заминҳои партофташуда ба андозаи 343 гектар коҳиш дода шавад. Қисми зиёди онҳо - 330 гектар заминҳои обёришаванда мебошанд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара (коллегия)-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон зикр гардид, ки ин майдон ба категорияи заминҳои корам гузаронида шудаанд.
Тавре ки дар Кумита зикр мекунанд, тадбирҳои андешида ба таҳкими амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори қаламравҳо дар соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамоянд. Тағйироти зикршуда дар қарори ҳукумати ҶТ аз 28 марти соли 2025 №224 «Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷудбуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ” дарҷ ёфтааст.
Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, то аввали соли ҷорӣ 18 ҳазору 701 гектар замин дар Тоҷикистон ба ҳисоби заминҳои партовташуда дохил мешаванд, ки 16 ҳазору 228 гектари онҳо қитъаҳои обёришаванда мебошанд. Ин нишондиҳанда зиёда аз 85% аз ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Ин заминҳо комилан барои парвариши зироати кишоварзӣ коршояманд.
Дар ҷаласа зарурати тақвияти назорат аз болои истифодаи захираҳои замин, баланд бардоштани пайгирӣ (мониторинг)-и самаранокии фонди замин, инчунин ҷорисозии усулуҳои муосири истифодаи замин бо назардошти хавфу хатарҳои тағирёбии иқлим таъкид шуд. Ба масъалаи мутобиқати низоми истифодаи замин ба шароитҳои ҷории иқтисодӣ ва экологӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Аз рӯйи натиҷаи баррасиҳо ба раҳбарият ва воҳидҳои минтақавӣ ҷиҳати идомаи кори доимӣ оид ба ҷалби қитъаҳои истифоданашуда ба гардиши кишоварзӣ, таъмини назорати қатъӣ аз болои истифодаи оқилонаи замин, инчунин тақвияти ҳамкории мутақобила байни сохтору идораҳо барои ноил гардидан ба натиҷаҳои устувор дастуру супоришҳо дода шуд.





Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста