Дар Тоҷикистон рушди баланди иқтисод ва зиёдшавии интиқоли пул, сатҳи пасти  таварруми истеъмолӣ боқӣ мемонад. Дар ин бора дар гузориши иқтисодии “Тобистон-2025”-и Бонки авруосиёии рушд (БАОР) маълумот дода мешавад.

Ба навиштаи муаллифони гузориш, иқтисоди Тоҷикистон суръати баланди рушдро нигоҳ медорад (+8,2%). Омилҳои калидии рушд талаботи истеъмолӣ бо дастгирии зиёдшавии интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон, музди меҳнати воқеӣ ва содироти маъдани фулузотӣ (металлӣ) ва алюминий номбар шудаанд.

Таварруми истеъмолӣ начандон баланд боқӣ мемонад - дар наздиии ҳудуди фосилаи ҳадафноки Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ки дар натҷиа бонк ду маротиба меъёрро поин бурд (то 8,25%).

Буҷети давлатӣ дар семоҳаи I ба туфайли афзоиши даромадҳо аз андоз ва ғайриандозӣ бо барзиёдӣ (4% ММД) ҷамъбаст шуд. Дар натиҷаи афзоиши назаррас (19,6% ММД) аз ҳисоби даромадҳои аввалия ва дуюмдараҷа (интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон) ҳисоби амалиёти ҷорӣ барзиёд (15,3% ММД) иҷро шуд. Хуруҷ (берун рафтан)-и софи воситаҳо (дар муқоиса бо 3,6% ММД дар семоҳаи I соли 2024) дар пасманзари пардохти қарзҳо аз рӯйи вомбаргҳои аврупоӣ (евробондҳо) аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2025  аз  рӯйи ҳисоби молиявӣ то 7,6% ММД афзуд.

Дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон бетағйир гузошта шудааст: соли 2025 аз рушд дар сатҳи 7,5% бо поинравии минбаъда то 6,7% дар соли 2027 дар пасманзари рушди иқтисоди Русия ва коҳиши интиқол пул аз ҷониби муҳоҷирон.

Пешгӯйии таварруми миёнаи солона дар соли 2025 бо назардошти ҷараёни кунунӣ ва сатҳи нисбатан пасти нархҳои ҷаҳонӣ ба ғизо ба самти поинравӣ аз 5,5% то 4,6% бозбинӣ шудааст. Солҳои 2026 ва 2027 таварруми истеъмолӣ дар ҳудуди фосилаи ҳадафноки БМТ - мутаносибан 4,9% ва 5% боқӣ мемонад. Дар робита ба хароҷоти назаррас ба лоиҳаҳои зерсохторӣ, буҷет бо касри муътадил ташаккул меёбад.

Таҳлилгарони БАОР бар ин назаранд, ки ба сурати умум, хатарҳои дохилӣ дар аксари кишварҳои минтақа бо коҳиши эҳтимоли фаъолияти сармоягузорӣ, афзоиши фишори таваррумӣ бинобар болоравии музди меҳнат ва таърифаҳо, инчунин аз ҳад зиёд шудани талабот аз ҳисоби қарздиҳӣ ва ҳавасмандии молиявӣ рабт дорад.

“Сарфи назар аз ин, ҳатто дар сурати ба миён омадани ин хавфҳо, мо аз ба вуҷуд омадани ноустувориҳои шадид, ки ба суботи макроиқтисодӣ ва молиявӣ дар кишварҳоямон таҳдид кунанд, интизорӣ надорем”, – омадааст дар гузориш.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.