Дар корҳои сохтмону насби Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон ба истифодаи роботи махсус барои кафшергарӣ оғоз намуданд.
Ба иттилои шабакаи Телеграми Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, татбиқи технологияҳои муосир, аз ҷумла истифодаи роботи кафшергар, имкон медиҳад, ки раванди иҷрои корҳои муҳандисиву сохтмонӣ бо суръат, дақиқ ва сатҳи баландтари бехатарӣ амалӣ гарданд.
Ба ақидаи мутахассисон, истифодаи чунин таҷҳизоти инноватсионӣ қадами муҳиме дар самти ворид намудани таҷрибаи ҷаҳонӣ ба сохтмони бузургтарин иншооти энергетикии минтақа ба ҳисоб меравад.
Робот-кафшергар ба иҷрои маҷмӯи васеи корҳо оид ба фулузот (металл) қодир буда, мустаҳкамӣ ва дақиқии пайвастҳоро таъмин мекунад. Ғайр аз ин, истифодаи он хавфу хатарҳо барои коргаронро кам мекунад, зеро дар қитъаҳои хатарашон бештар аз техника истифода мешавад.
Дар Вазорати энергетика зикр мекунанд, ки ин ба сиёсати таҷдиди равандҳои сохтмон дар НБО “Роғун” ва ҷорисозии технологияҳо, ки дар иншооти бузурги ҷаҳон истифода мешаванд, мутобиқ аст.
Сарфи назар аз ҷорисозии таҷҳизоти инноватсионӣ дар НБО "Роғун", талабот ба мутахассисони ҳирфаӣ боқӣ мемонад. То моҳи августи соли 2025 шуъбаи кадрҳои ҶСК “НБО Роғун” ба пешниҳоди ҷойҳои корӣ дар сохттмон идома медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста