Аз моҳи январ то охири моҳи август майдони кишти сабзавот дар Тоҷикистон ҳудуди 33 ҳазор гектарро ташкил дода, аз 26 ҳазор гектари он 914 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин давра чунин зироатҳо ҷамъоварӣ шудааст:
- пиёз 343 ҳазор тонна;
- помидор 166 ҳазор тонна;
- бодиринг 111 ҳазор тонна;
- сабзӣ 121 ҳазор тонна;
- дигар навъи сабзавот 125 ҳазор тонна.
Дар ҳамин ҳол, нисбат ҳашт моҳи соли гузашта, ҳосили сабзавот камтар буд: майдони кишт қариб 40 ҳазор геткар ва ҳосили умумӣ зиёда аз 1,1 млн тоннаро ташкил дода буд.
Имсол ҷамъоварии ҳосили пиёзу помидор нисбатан камтар шуда, бодиринг каме зиёд шудааст.

Соли 2025 майдон кишти картошка ҳудуди 36 ҳазор гектарро ташкил дода, аз майдони қариб 14 ҳазор гектар ҳосил ҷамъоварӣ ва 252 ҳазор тоннаро ташкил дода буд. Соли гузашта ҳосили картошка ба 280 ҳазор тонна баробар буд. Дар ҳамин ҳол, имсол кишоваазон аз ҳар як гектар ҳосили зиёдтар ба даст оварданд.
Коршиносон шарҳ медиҳанд, ки миқдори умумии ҳосил бар асари кам гардидани майдони кишт поин рафта, баланд шудани ҳосилнокӣ нишон медиҳад, ки технологияҳои муосири кишоварзӣ ва кори бештар пурсамар дар замин барои ҷуброни талафот ва гирифтани маҳсулоти зиёдтар аз майдон кам кумак мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад, ки то охири соли 2025 ҳосили картошка бояд ба ҳудуди 1,1 млн тонна ва сабзавот- тақрибан ба 3,29 млн тонна расад, ки ҳаҷми зиёдтараш ба пиёз - ҳудуди 867 ҳазор тонна рост меояд.
Қобили зикр аст, ки ҷамъоварии ҳосил ҳоло идома дорад. Нисбат ба соли 2024 ҳаҷми умумии ҳосили дар соли 2025 бояд 5-10% зиёдтар шавад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста