Ҳаҷми савдои дуҷониба байни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Халиҷи Форс дар соли 2024 ба 3,3 млрд доллар расида, дар муқоиса бо соли 2020 -ум 4 баробар афзудааст. Дар ин бора Бонки авруосиёии рушд (БАОР) хабар медиҳад.
Коршиносони Бонк зикр мекунанд, ки ҳудуди 80%-и гардиши молу маҳсулот ба воридоти кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз кишварҳои Халиҷ рост меояд.
Бузургтарин шарик дар минтақа, Туркманистон дониста мешавад, ки ба ҳиссаи он 2 млрд доллар ё худ 61% аз ҳаҷми умумии додугирифт рост меояд. Дар идома Ӯзбекистон (740 млн доллар ё худ 23%) ва Қазоқистон (302 млн доллар ё худ 9%) қарор гирифтаанд.
Баландтарин суръати рушд дар Туркманистон (9,9 баробар), Қирғизистон (9,5 баробар) ва Ӯзбекистон (8,1 баробар) ба қайд гирифта шудааст.
Пешсафи мутлақ миёни кишварҳои Халиҷ Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) боқӣ мемонад, ки 97%-и савдо бо минтақаи Осиёи Марказиро таъмин мекунад.
Аҳамияти бештари савдо бо кишварҳои Халиҷ дар Турманистон ба қайд гирифта шудааст, ки ҳудуди 10% аз гардиши умумии молу маҳсулоти хориҷиро ташкил медиҳад.
Дар Қирғизистон ин нишондиҳада ба 1% расида, дар боқимонда кишварҳои минтақа - ба камтар аз 1% баробар аст.
Мутахассисони БАОР афзоши минбаъдаи савдоро пешгӯӣ мекунанд. Имконоте, ки истифода нашудааст, 4,9 млрд доллар арзёбӣ мешавад, ки 150% зиёдтар аз ҳаҷми кунунӣ аст. Аз ин миқдор 4,4 млрд доллар ба содироти имконпазир аз кишварҳои Халиҷ (автомобил, электроника, маснуоти заргарӣ) ва 500 млн доллар - ба содироти кишварҳои Осиёи Марказӣ (металлҳои қиматбаҳо ва ранга, маҳсулоти кишоварзӣ) рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар муқоиса бо соли 2020 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот бо кишварҳои Халиҷи Форс дар соли 2024 ба андозаи 4,7 баробар - аз 19,6 млн доллар қариб то 93 млн доллар зиёд шудааст.
Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон миёни кишварҳои Халиҷи Форс, АМА (ҳиссааш 93% дар соли 2020 ва 99% дар соли 2024) маҳсуб меёбад.
Қобили зикр аст, ки аз 5 кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон узви БАОР мебошанд.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”
Ба минтақаи Халиҷи Форс маъмулан 6 кишвари арабиро мансуб медонанд, ки ба ҳайати Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс шомиланд:
- Баҳрайн;
- Қатар;
- Кувейт;
- Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА);
- Уммон;
- Арабистони Саудӣ.
Баъзан ба ҳайати “кишварҳои Халиҷ” ба маънои васеъ Ироқро ҳам шомил медонанд, лекин дар омори расмӣ ва таҳлилҳо бештар маҳз 6 кишвар - аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс дар назар аст.
Аз лиҳози ҷуғрофӣ Эрон низ кишвари Халиҷи Форс шуморида мешавад, лекин онро маъмулан ба “минтақаи Халиҷ” бо сабабҳои асосии зерин мансуб намедонанд:
- ин кишвари арабӣ нест;
- муносибатҳои сиёсии Эрон ва кишварҳои Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс давоми даҳсолаҳо шиддатнок боқӣ мемонанд (рақобат барои нуфузи минтақавӣ, низоъҳо дар Яман, Сурия ва Ироқ);
- шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс соли 1981 ба сифати иттиҳоди салтанатҳои арабӣ таъсис дода шуд, ки мехостанд пас аз инқилоби исломии соли 1979 сиёсати худро маҳз бар зидди Эрон ҳамоҳанг кунанд.






Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026
Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста