Дар Тоҷикистон давоми сол сабзавот ба таври назаррас қимат шуд. Аз ҳама зиёд - қариб ду баробар нархи карам боло рафт. Инчунин сабзиву пиёз ва картошка низ каме гарон шуданд.
Ба иттилои Барномаи ҷаҳонии озуқа ва "Neksigol Mushovir", моҳи августи соли 2025 нархи ғизо дар бозорҳои Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат боло рафт.
Таҳлил ё мониторинг 5 бозори бузург ва 10 бозори хурдро фаро мегирад. Маълумот ҳар ҳафта ҷамъоварӣ гардида, сипас ба ҳар кадоме аз маҳсулот нархи миёна ҳисобу китоб мешавад.
Давоми сол аз ҳама бештар сабзавот гарон шуд.

Дар нархи гӯшт низ болоравии назаррас ба қайд гирифта шуд.

Нархҳои маҳсулоти лубиёгӣ ва тухм низ тағйир ёфт.

Дар баробари ин, баъзе маҳсулот арзон шудааст.

Вазъ дар бозори кор низ таҳлил шудааст. Пардохти кори ғайриҳирфаӣ (ғайрикасбӣ) дар моҳи август ба ҳисоби миёна 115 сомонӣ дар як рӯзро ташкил дод, ки 31% зиёдтар нисбат ба соли пешин аст.
Меъёрҳои пардохти нисбатан паст дар Хоруғ ва Рашт (100-104 сомонӣ) ва баланд дар Душанбе ва Бохтар (120 сомонӣ) сабт шудааст.
Арзиши пардохти кори касбӣ боз ҳам зиёдтар - 85% боло рафта, ба ҳисоби миёна ба 149 сомонӣ дар як рӯз расид. Меъёрҳои баландтарин дар Ишкошим (175 сомонӣ), Истаравшан ва Кӯлоб (160 сомонӣ), инчунин дар Душанбе ва Хуҷанд (156 сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста