Ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин давоми моҳҳои январ-августи соли равон ба 1 млрд 658 млн доллар расид, ки 40% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Чин каме бештар аз 270 млн доллар ва маблағи воридоти молу маҳсулот аз Чин ба Тоҷикистон ҳудуди 1 млрд 388 млн долларро ташкил медиҳад.
Ҳиссаи савдои дуҷониба бо Чин дар ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулоти хориҷии Тоҷикистон ба ҳудуди 25% баробар аст.
Қобили зикр аст, ки тибқи натиҷаҳои моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ, Чин бори аввал дар ҳаҷми гардиши савдо бо Тоҷикистон аз Русия пеш гузашт, ки дар тӯли 25 сол бечунучаро пешсаф аз рӯи ин нишондиҳанда буд. Пеш аз ин, дар солҳои 1990-ум, мақоми аввал дар ин самт ба кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон рост меомад.
Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Русия ҳудуди 1 млрд 440 млн долларро ташкил медиҳад, ки 13,5% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст. Ҳиссаи Русия дар гардиши молу маҳсулоти хориҷии Тоҷикистон дар ин давра 21,4%-ро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми савдо бо Қазоқистон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, ҳарчанд ин кишвар устуворона дар зинаи 3-юм қарор дорад. Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар зарфи 8 моҳи соли равон 758 млн долларро ташкил додааст, ки 13,1% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад.
Ба сурати умум, ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулоти хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ 6 млрд 730 млн долларро ташкил додааст, ки 16,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон 1 млрд 634 млн доллар ва воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон 5 млрд 96 млн долларро ташкил додааст. Ҳамин тариқ, ҳаҷми воридот нисбат содирот 3,2 баробар зиёд аст.
Аз оғози сол Тоҷикистон бо 113 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста