Бузургтарин пойгоҳи маълумот дар ҷаҳон дар бораи арзиш ва сифати ҳаёти Numbeo радабандии нархи бензинро дар кишварҳои гуногун таҳия намуд. Тоҷикистон бо нархи 1,12 доллар барои 1 литр миёни 127 кишвар дар зинаи 86-ум қарор гирифт.
Арзонтарин бензин дар Осиёи Марказӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Қазоқистон савдо мешавад – 0,46 доллар барои як литр. Қазоқистон дар баробари Ливия ($0,03), Миср ($0,35), Кувейт ($0,35) ва Алҷазоир ($0,36) дар панҷгонаи аввали давлатҳои дорои арзонтарин бензин дар радабандӣ ҷой гирифтааст.
Гаронтарин бензин дар Мянма (1 литр - $8,14), Гонконг ($3,15) ва Исландии ($2,56) фурӯхта мешавад.
Арзиши бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Ӯзбекистон ба ҳисоби миёна 0,99 сент, Қирғизистон - 0,82 сент ва Русия - 0,72 сентро ташкил медиҳад.
Дар радабандии Numbeo Туркманистон зикр нашудааст. Лекин тибқи маълумоти Global Petrol Prices, арзонтарин бензин дар фазои пасошӯравӣ маҳз дар Туркманистон - 0,42 сент барои 1 литр (ба ҳолати 15 сентябри соли равон) фурӯхта мешавад.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон бензинро қариб пурра аз Русия ворид мекунад. Сӯзишворӣ дар доираи созишномаи байниҳукуматӣ, ки ҷонибҳо ҳамасола бо шартҳои имтиёзнок (бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ба Русия) ба имзо мерасонанд, ба Тоҷикистон оварда мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ, соли2024 аз Русия ба Тоҷикистон 451 ҳазор тонна бензин интиқол дода шуд. Давоми соли 2025 Тоҷикистон дар доираи қарордод аз Русия бояд зиёда аз 500 ҳазор тонна бензин гирад.
Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, дар зарфи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон бо нархи миёнаи 746 доллар барои 1 тонна ҳудуди 242 ҳазор тонна бензин ворид карда шудааст. Ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ 15 ширкат машғуланд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста