Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз тамбашавии мошинҳо дар роҳҳо, бахусус дар ҷодаҳои пойтахт ва дигар шаҳрҳои калони кишвар, изҳори нигаронӣ карда, ин ҳолатро яке аз мушкилоти асосиии соҳаи роҳу нақлиёт донистааст.
Ӯ рӯзи 17-уми октябр дар ҷалсаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли раовн гуфтааст, мушкили тамбашавии роҳҳо ҳалли таъхирнопазирро талаб мекунад.
Вазир илова кардааст, ки тамбашавӣ дар роҳҳо, боиси дер расидани сокинон ба кор, садамаҳо, сарфи зиёди сӯзишворӣ, ифлосшавии ҳаво, фарсудашавии воситаҳои нақлиёт ва асабонияти ронандагону мусофирон шуда, ба кори хадамоти фаврӣ, аз қабили “Ёрии таъҷилӣ” халал ворид мекунад.
Азим Иброҳим сабабҳои асосии тамбашавиро афзоиши аҳолӣ ва шумораи воситаҳои нақлиёт арзёбӣ кардааст.

Ба иттилои ӯ, ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ дар кишвар 701 ҳазору 231 воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 64 ҳазору 938 адад (ё 10,8%) зиёд аст. Аз ин 53967 мошини боркаш, 16520 мусофирбар, 606296 сабукрав, 6007 воситаҳои нақлиёти махсус ва 18441 мотосикл мебошад.
“Дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута бо ин масъала машғул шавед ва оид ба тадбирҳои таъхирнопазир ҷиҳати коҳиш додани тамбашавӣ пешниҳодҳо манзур намоед”, - супориш додааст Азим Иброҳим.
Соле пеш низ вазорати нақлиёт аз тамбашавии нақлиёт дар роҳҳо нигаронӣ карда, сабаби онро зиёдшавии шумори автомашинаҳо, корҳои таъмиру сохтмон, садамаҳои нақлиётӣ гуфта буд.
Як соли охир дар Душанбе танбашавии нақлиёт зиёд ба чашм мерасад, ки боиси норозигии меҳмонон ва сокинони пойтахт шудааст.
Чанде пеш муовини шаҳрдори Душанбе ҳам аз тамбашавӣ дар роҳҳои пойтахт нигаронӣ карда, пешниҳод намуда буд, ки барои бартараф кардани тамбашавӣ дар пойтахт, истифодаи мошинҳои шахсӣ маҳдуд гардад ва барои ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои марказӣ маблағ ситонида шавад.
Ӯ дар мақолае вазъу сабабҳои тамбашавӣ дар роҳҳои пойтахтро таҳлил карда, сабабҳои асосии онро афзоиши мошинҳои шахсӣ, танг будани роҳҳо, афзоиши таксиҳо ва чароғакҳову гузаргоҳҳо дониста буд. Вай дар матлабе дар нашрияи "Паёми Душанбе" навиштааст, теъдоди мошинҳо дар пойтахт қариб ба 145 ҳазор расидааст.
Ҳарчанд барои кам кардани он чораҳо, мисли гузаронидани амалиёт в ва ё бастани гузаргоҳҳову баркандани истгоҳҳо ва сохтани метро меандешанд, вале тавре дида мешавад ҳоло ҳама бенатиҷа аст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста