Тоҷикистон аз вилояти Курски Русия 60 сар гов ва буҷаи зотии голштин харид. Ин аллакай воридоти дуюм дар соли раовн аст. Моҳи август як корхонаи ноҳияи Железногорск ба Тоҷикистон 371 сар чорво фиристода буд.
Тавре сомонаи "kurskcity.ru" хабар медиҳад, "фаъолияти содиротии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ ба рушди муносибатҳои иқтисодии хориҷии минтақа мусоидат намуда, мутобиқати маҳсулоти чорводории Курскро ба меъёрҳои байналмилалӣ тасдиқ мекунад".
Ҳамчунин, як сол пеш аз Беларус (ба маблағи 1,39 млн доллар 1096 сар), Русия (ба маблағи 119 ҳазор доллар 440 сар) ва Қазоқистон (ба маблағи 41 ҳазор доллар 130 сар) чорвои зотӣ ба Тоҷикистон ворид гардида буд.
Аз моҳи октябри соли 2024 ширкати "ДолговГрупп"-и Калининград ҳар моҳ ба Тоҷикистон 1–2 мошин (фура)-и гов ва буқа мефиристад ва ният дорад, содиротро афзоиш диҳад.
Воридоти чорво ба Тоҷикистон дар солҳои охир ба таври назаррас афзудааст. Ба иттилои "Trading Economics" (бар асоси маълумоти UN Comtrade), соли 2023 ҳаҷми воридоти чорвои хонагӣ ба 7,27 млн доллар расида (6,84 млн доллар дар соли 2022), дар соли 2024 ин нишондиҳанда қариб ду баробар зиёд ва то ба 14,1 млн доллар расидааст, ки ҳиссаи асосии афзоиш ба гову буқа рост меояд.
Сабабҳои афзоиши воридот
Афзиши воридоти ҳайвоноти зинда ба чанд омил марбут аст. Пас аз пандемия молпарварон хариди чорвои сергӯшт ва зотиро зиёд карданд, то ки саршуморро барқарор намуда, маҳсулнокиро баланд бардоранд. Зиёда аз 90% гӯшт ва шир дар кишвар дар хоҷагиҳои шахсӣ истеҳсол мешавад, ки дар онҳо зотҳои анъанавӣ парвариш ёфта, аз ҷиҳати ширдеҳӣ ва афзоиши вазн аз чорвои воридотӣ қафо мемонанд.
Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба наслҳои зотии чорво рӯ ба афзоиш дорад — ба кишвар гӯсфандону говҳои зотии голштин, симментал, лимузин, шаролез ва абердин-ангус оварда мешаванд. Аз зоти охирин барои дурага кардан бо навъҳои маҳаллӣ фаъолона истифода мешавад.

Ғайр аз ин, воридот ба сифати як воситаи наву муосир гардонидани соҳа баррасӣ мешавад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, то 1-уми августи соли 2025 шумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо зиёда аз 2,8 млн сарро ташкил додааст, ки 3% зиёдтар нисбат ба як соли пешин аст.





Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста