Олими барҷастаи тоҷик, доктори улуми иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров имрӯз, 26-уми октябр, 80-солагиашро ҷашн мегирад. Ӯ ҳамчун як таҳлилгари иқтисодии мустақил ва шинохта фаротар аз Тоҷикистон назар карда, чолишҳои минтақаӣ ва глобалиро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор додааст.
Бисёре аз ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ бо шумули Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳо зимни таҳияи тавсияҳои худ барои ҳукумати ҷумҳурӣ, доимо ба арзёбиҳои коршиносӣ ва пешгӯиҳои ӯ такя мекунанд.
Дар остонаи ҷашни зодрӯз мо бо Хоҷимуҳаммад Умаров дар бораи афзалиятҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон, муҳоҷират, соҳаи маориф, инчунин эътиқоди шахсии профессор, ки ҳатто дар 80-солагӣ талошу нерӯи ҷавониашро аз даст надодааст, суҳбат оростем.
- Шумо ҳанӯз ҳам ба таълим мушғул буда, чун бисёре аз ҳамсолонатон ба нафақа тан намедиҳед. Чӣ чизе шуморо ангеза мебахшад?
- Ман ҳатто нафақа намегирам, усулан онро фаромӯш кардаам. Ва барои рафтан ба муассисаҳову ҷамъ кардани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани нафақа вақт ҳам надорам. Ҳангоме ки камшавии нерӯро эҳсос кунам, пас мефаҳамам, ки вақти ба истироҳат рафтан фаро расидааст. Аммо ҳоло кор мекунам, яъне дар Донишгоҳи миллӣ маърӯза карда, дар Пажуҳишгоҳи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ба кори илмӣ машғулам.
Имсол барои ман пурмаҳсул омад, зеро ду китобамро нашр кардам. Китоби аввал таҳқиқи муқоисавии таълимоти Маркс ва Кейнсиансро дар бар мегирад. Акнун онро дар Маскав чоп кардан мехоҳанд. Китоби дуюм, ки аз 400 саҳифа иборат аст, ба ислоҳоти пасошӯравии иқтисодӣ бахшида шудааст.

- Корҳои илмиатон чӣ қадаранд?
- Ҳудуди 640 адад монографияву китобчаҳои таҳлилӣ, маҷмӯа ва мақолаҳо. Аз ҷумла, 195 мақола бо забонҳои англисӣ, чинӣ, олмонӣ, испанӣ дар маҷаллаҳои хориҷӣ чоп шудаанд. Яке аз китобҳои ман дар Берлин нашр шуда, ба аксар забонҳои аврупоӣ тарҷума карда шуд.
Монеъаҳо дар роҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон
- Биёед бобати вазъи имрӯзаи иқтисоди Тоҷикистон суҳбат кунем. Қариб ҳамаи нишондиҳандаҳо дар мо ба ҷуз суръати рушди иқтисод, гувоҳи онанд, ки мо аз дигар кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии пешин қафо мемонем. Солҳои зиёд сабаби ин қафомониро ба ҷанги шаҳрвандӣ нисбат медоданд. Чаро мо то ҳол ҳатто аз кишварҳои ҳамсояи минтақа қафо мемонем?
- Дар замони шӯравӣ низ мо пешсаф набудем, аз рӯйи нишондиҳандаҳои рушди иқтисод ва маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ, инчунин даромади миллӣ як зина боло аз ҷойи охир қарор доштем. Он замон сохтори иқтисоди мо низ дар муқоиса бо Беларус, Арманистон ё кишварҳои Назди Балтика нисбатан камтар такмилёфта буд.
Сониян, ҷанги шаҳрвандӣ моро ба таври ҷиддӣ ба қафо афканд. Ва сеюм, дастаҷамъона ҷумҳуриро тарк кардани кадрҳо ва дар ҳамин ҳол, кадрҳои соҳибмаълумоту соҳибтахассус. Кадрҳои миллӣ дар соҳаҳои пешрафтаи иқтисод - корхонаҳои мошинсозӣ, таъиноти ҳарбӣ кам буданд. Мутахаасисони тоҷик, ки дар ин соҳаҳо машғули кор буданд, аксарияташон ба дигар кишварҳо кӯч бастанд.

- Пас мо то ҳол захираи кадриро дар иқтисод барқарор накардаем?
- Ҳоло не. Худи иқтисодро ба сурати умум барқарор кардем. Кадрҳои тахаассуси баланд ҳоло ҳам барои мо намерасанд, онҳоро омода кардан лозим аст. Ҳозир бо ин мақсад бисёр корҳо анҷом дода мешаванд, лекин сатҳи омодагии мутахассисон, масалан дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (IT) аз сатҳи омодагӣ дар Эрону Чин ва Туркия, кишварҳои Аврупо қафо мемонад. Як қисматеро ҷавонони мо, ки дар ин кишварҳо таҳсил карда, ба ватан баргаштаанд, ҷуброн мекунанд. Лекин дар бисёр ихтисосҳо камбудии шадид эҳсос мешавад.
- Ба ҷуз камбуди кадрҳо, дар роҳи рушди иқтисоди кишвар боз кадом монеъаҳо вуҷуд доранд ва барои рафъи он чӣ тадбирҳо рӯйи даст гирифтан зарур аст?
- Монеъаи дигар сохтори иқтисод аст. Дар сохтори истеҳсолоти мо вазни қиёсии соҳаҳои истеҳсоли ашёи хом ва мавод баланд аст. Ҳозир вазни қиёсии соҳаи коркард зиёд мешавад, лекин он суст афзоиш меёбад.
Вазни қиёсии соҳаҳои ашёи хом дар мо нисбат ба кишварҳои пасошӯравӣ ва дар муқоиса бо ҳамояҳо - Чин, Қирғизистон ва Қазоқистон баландтар мебошад. Ҳарчанд ашёи хоми дорои даромади баланд ҳастанд, ки метавонанд суръати баланди рушди иқтисодро таъмин кунанд.
Чанде пеш вазири саноат Шералӣ Кабир изҳор дошт, ки дар Тоҷикисон конҳои маъданҳои нодири зеризаминӣ ва пошида зиёд буда, истихроҷ ва коркарди онҳо,бахасус литий ба яке аз афзалиятҳои мо табдил меёбад.
Агар дар сохтори ашёи хоми содиршаванда ин минералҳо вазни қиёсии баланд касб кунанд, ин даромади зиёд меорад. Агар мо онро коркард намуда, фулузоти нимтайёр ё тайёр ҳосил кунем, даромад бамаротиб зиёд мешавад.
Боз яке аз мушкилоти бузург барои рушди иқтисод норасоии сармоягузорӣ ва сатҳи нокофии таъмини иқтисод бо маблағ маҳсуб меёбад. Пул дар гардиш кам аст.

Дар бораи ислоҳоти муҳим
- Шумо кадом ислоҳотро роҳандозӣ мекардед, то ки вобастагии Тоҷикистон аз воридот ва интиқоли пули муҳоҷирон коҳиш ёбад?
- Дар мо қонун ва стратегияҳои хеле хуб қабул шуда, онҳоро татбиқ кардан лозим аст. Масалан, стратегияи иваз кардани воридот. Он ҷо сухан маҳз дар бораи тағйироти сохтории иқтисод сухан меравад.
Лекин ба маҷмӯаи ахири Агентии омор оид ба сохтори воридоти маҳсулот аз Чин назар андозед: он ҷо 70%-и номгӯйро маҳсулоте ташкил медиҳанд, ки мо худамон метавонем дар ҳамин ҷо истеҳсол кунем ва аксарияташро аллакай истеҳсол мекунем - маҳсулоти нассоҷӣ, ҳама гуна қисмҳо аз алюминий, ҳатто сементу санги мармар ва шағалу сангреза.
Аксарияти молу маҳсулоти мо дар бозор аз Чин мебошанд, ки ҳамаашро метавон муваффақона дар Тоҷикистон истеҳсол кард.
Пахтаи мо аз лиҳози сифат нисбат ба пахтаи Чин хеле беҳтар аст. Мо пахтаи сифаташ баланди миёна ва маҳиннах парвариш мекунем. Кайҳо мебоист кластерҳо ташкил мекардем, ки аз истеҳсолот - аз ашёи хом то маҳсулоти тайёр иборат аст. Дар Ӯзбекистон аллакай пурра ба низоми кластерӣ дар пахтакорӣ гузашта, ҳаммашро худашон аз пахта истеҳсол мекунанд.
Ғайр аз ин, мо барои афзоиши истеҳсоли пахта имкониятҳои зиёд дорем. Агар аз таҷрибаи Исроилу Чин истифода бурда шавад, аз 200 ҳазор гектар замини кишти пунбадона метавон 1 млн тонна ҳосили пахта гирифт. Дар баъзе минтақаҳои Чин ҳосилнокӣ аз 1 гектар то 50-55 сентнер мерасад, дар мо бошад - 20-25 сентнер.

- Барои ҷорисозии таҷрибаи ин кишварҳо ба мо чӣ халал мерасонад?
- Пора-пора будани корхонаҳои бахши кишоварзӣ. Шумори хоҷагиҳои деҳқонии мо хеле зиёд - ба 300 адад мерасад, и аксарияташон хоҷагиҳои хурд мебошанд. Онҳо барои мустақилона харидани трактор, нуриҳои минералӣ, киро кардани агроному зоотехник ва дигар мутахассисони касбӣ, инчунин истифодаи дастовардҳои охири илмиву техникӣ имконият надоранд.
Онҳоро бузург кардан лозим аст. Дар ҳар ноҳия иттиҳодияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ амал мекунанд. Вале онҳо фақат ба ном вуҷуд доранд. Бисёре аз хоҷагиҳои деҳқонӣ намехоҳанд ба ин иттиҳодияҳо пайванданд, зеро ин иттиҳодияҳо захираҳои мавҷудаи моддӣ-техникӣ, кадрӣ ва имконияти илмӣ надоранд.
Ғайр аз ин, пеш гирифтани роҳ ба сӯи барқарор кардани кооперативҳои кишоварзӣ, ки ҳар кадом 5-10 ҳазор гектар замин дошт, лозим аст. Чунки ҳар қадаре, ки сатҳи тамаркузи истеҳсолот дар кишоварзӣ баландтар бошад, ҳамин қадар самарабахшии истеҳсолот бештар мегардад.
Ана дар он вақт имконияти истифодаи таҷрибаи Исроил дар обёрии пахта пайдо мешавад – обёрии қатрагӣ, зеризаминӣ ва боришоти импулсӣ-боронӣ.

Дар бораи афзалиятҳо ва имконот
- Ба ҷуз гирдроэнергетика Тоҷикистон боз кадом бартариятҳои афзалиятнок дорад, ки ҳозир ба таври кофӣ истифода намешаванд?
- Ба фикрам, мо бояд равиши худро ба интихоби афзалиятҳо тағйир диҳем. Айни замон аз лиҳози иҷтимоӣ масъалаи асосӣ барои мо таъмини сатҳи баланди шуғли аҳолӣ аст. Албатта, муҳоҷирати корӣ ба мо чизҳои бисёр дод, бидуни он вазъи мардум хеле бадтар мешуд. Аммо яке аз аввалин афзалиятҳомон дар Тоҷикистон бояд рушди истеҳсолоти меҳнатталаб ва бо равиши илмӣ гардад.
Ҳамон истеҳсоли литийи хом равиши илмӣ тақозо мекунад. Мо онро натанҳо бояд истихроҷ кунем, балки онро бо тарзу усули аз лиҳози илмӣ пешрафтатарин анҷом диҳем. Ин ба занҷираҳои кластерии коркарди пахта низ дахл дорад, ки истеҳсолоти заҳматталаб аст.
Истеҳсолот дар соҳаҳои дӯзандагӣ, нассоҷӣ, электроника ва мошиносозӣ ҳамааш меҳнатталаб ва равиши илмӣ тақозо менамояд.
Дар ин масъала президенти мо дуруст рафтор кард, вақте ки қатъномаи СММ-ро оид ба ҳуши маснӯӣ пешниҳод намуд. Мо набояд ба он роҳ диҳем, ки ҳуши маснӯӣ ба коҳиши сатҳи шуғл ва истеҳсолоти меҳнатталаб оварда расонад. Баръакс, дар шароити рушди босуръати ҳуши маснӯӣ мо бояд ба он талош варзем, ки истеҳсолоти меҳнатталаб бо суръати баланд рушд карда, ба беҳбуди шуғл ва сатҳи тахассуси занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шавад.
Агар мо ба баланд бардоштани истеҳсолоти меҳнатталаб дар сохтори ММД такя кунем, ин ба амалисозии стратегияи иваз намудани воридот ва бозгашти захираҳои корӣ ба Тоҷикистон суръат мебахшад.
Ғайр аз ин, рушди истеҳсолоти меҳнатталаб ва баланд бардоштани сатҳи ба шуғл фаро гирифтани занон ба таври худкор ҷиҳати банақшагири оила оварда мерасонад.
Ҳамчунин дар рушди бахши сайёҳӣ низ имкониятҳои зиёд мавҷуданд, лекин зерсохтори сайёҳӣ дар мо начандон рушд ёфтааст. Шумори зиёди меҳмонхонаҳои панҷситорадор дар Душанбе барои сайёҳони одӣ начандон лозим аст. Дар саросари ҷумҳурӣ бояд меҳмонхонаву хобгоҳҳои арзон, ки дар онҳо метавон хӯроки болаззат хӯрду шустушӯ кард, сохта шаванд.

- Муҳоҷирати корӣ барои рушди сармояи инсонӣ, иқтисод ва тиҷорат дар Тоҷикистон чӣ гуна хафвҳо эҷод карда метавонад?
- Ин ҷо хавфҳои гуногун ҳастанд. Вақте ки одамон ба дигар кишварҳо мераванд, бисёр вақт соҳаи фаъолиятро дигар карда, дар муддати ду-се сол сатҳи тахассусашонро аз даст медиҳанд, сатҳи касбии онҳо рӯ ба таназзул меорад.
Ғайр аз ин, дар бисёре аз соҳаҳои иқтисод камбуди зиёди қувваи корӣ аз ҳисоби мардон ба мушоҳида мерасад.
Масалан, дар бахши кишоварзӣ сатҳи фарогирӣ бо шуғл 66%-и аҳолиро ташкил медиҳад, ки яке аз нишондиҳандаи баландтарин дар ҷаҳон аст. Дар ҳамин ҳол, дар бахшҳои муҳимми соҳаи кишоварзӣ камбуди шадиди қувваи кории мардон эҳсос мешавад. Ба фикрам, ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла гузаштан ба коооперативҳои кишоварзӣ, иттиҳодияҳои деҳқонон ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ метавонад вазъиятро тағйир диҳад.
Дар бораи фасод ва идеяи миллӣ
- Миқёси иқтисоди пасипардагӣ дар иқтисоди ҷумҳурӣ чӣ қадар аст ва то кадом андоза он ба амалисозии ислоҳот монеъа эҷод мекунад?
- Агар шуғли ғайрирасмиро гирем, ки дар мо ҳудуди 70% аз иқтисоди пасипардагӣ ё худ соягиро ташкил медиҳад, пас дар сурати аз паси парда баровардани он, ҳадди ақалл боз як буҷети давлатӣ мешавад.
Масалан, хадамоти таълими инфиродӣ, иҷораи манзил, корҳои гуногун дар хона аз қабили фаррошону дояҳо ва ғайра. Ин ҳама соҳаҳои пӯшидаи иқтисод аст. Ғайр аз ин, дар иқтисоди расмии сабтшуда низ бахшҳои мукаммале ҳастанд, ки даромадашон пинҳон мемонад ё пӯшида аст.

- Барои коҳиши сатҳи фасод тадбирҳо мебояд рӯйи даст гирифт?
- Ман бар ин назарам, ки мо ба тавсеъа ва баланд бардоштани самаранокии кори назорати додситонӣ ниёз дорем. Шояд басти воҳидҳои кориро дар Агентии зиддифасод кам карда, теъдоди шахсонеро, ки ба назорати додситонӣ машғуланд, зиёд кунем.
Ин чӣ мақомот аст? Он самаранокии ташкили кор ва истифодаи захираҳоро назорат мекунад. Назорати додситонӣ бо ҷалби мутахассисон сатҳи аз истифода канор мондани захираҳои замин, имконоти биологии иқлим дар Тоҷикистонро низ ошкор месозад. Агар мо ҳадди ақалл 50%-и ин имконотро истифода барем, пас мо боз якчанд буҷети дигар мегирем.
- Сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, имрӯз дар иқтисоди Тоҷикистон бо такя ба кадом омилҳо метавон хушбин буд?
- Ҳама гуна захираҳои бузург аз инсонӣ то истеҳсоливу табиӣ. Ҳамаи ин манобеъ дорои дурнамои васеи истифода мебошанд. Ман мутмаинам, ки замони хеле пурсамар истифода бурдани онҳо фаро мерасад. Ман мебинам, ки мардум ҳарчи бештар зарурати тарзи ҳаёти оқилонаро дарк мекунанд. Аз як тараф, ин боиси коҳиши хароҷоти умумии зиндагии аҳолӣ гардида, аз ҷониби дигар бошад, самаранокии иқтисод меафзояд.
- Идеяи асосии миллии Тоҷикистонро барои 15–20 соли наздик чӣ гуна баён мекардед?
- Ба андешаи ман, ғояи асосӣ боло бурдани сатҳи касбӣ ва тахассусии аҳолӣ, рушди шахсият, тафаккур ва баланд бардоштани фарҳанги ҳар як сокини кишвар аст. Ин муҳимтарин ҷиҳат мебошад.
Раҳбарияти кишвари мо ба хубӣ дарк мекунад, ки маориф ва рушди инсонӣ муҳимтарин асос барои пешрафти давлат мебошанд. Иқтисод, технология ва ҳама соҳаҳои дигар маҳз аз рушди маориф маншаъ мегиранд.

Дар бораи хоҳиш ва нигарониҳо
- Дар фарҷоми суҳбат якчанд саволи кӯтоҳ медиҳам ва шумо ҳам мухтарсар ба онҳо посух гӯед. Кадом сифати шахсии худро арзишмандтарин мешуморед?
- Хушбинӣ ё худ нигоҳи нек ба оянда.
- Беҳтарин маслиҳате, ки замоне гирифтаед?
- Вақте ки аспирантураро дар Маскав хатм кардам, пеш аз ба Душанбе рафтан назди роҳбари илмиам профессор Сергей Сёмин даромадам ва ӯ ба ман чунин гуфт: “Медонам, ки дар Маскав намеистӣ. Ту кишваратро дӯст медорӣ ва меравӣ. Лекин аз ту хоҳиш мекунам, ки ҳамон талошу нерӯе, ки ту инҷо дар аспирантура доштӣ, аз даст надеҳ”. Ин маслиҳатро ман то ҳол фаромӯш накардаам.
- Орзуи бузургтарини шумо барои худ ва кишвар чист?
- Орзуи бузургтарини ман кор кардан аст. Муҳаббат ба Ватан ва халқи худ барои ман ангезаи иловагӣ мебошад. Барои кишвар бошад, мехоҳам Тоҷикистон аз рӯи сатҳи зиндагии аҳолӣ яке аз ҷойҳои аввалро дар ҷаҳон касб кунад.
- Оё ҷавонони имрӯза ба шумо илҳом мебахшанд?
- Мутаассифона, не. Онҳо ба такомули шахсӣ майл надоранд. Ҷавонон бештар дар бораи ҷамъ кардани пулу мол фикр мекунанд, аммо ба рушди худ камтар таваҷҷуҳ доранд.

- Оё шумо аз технологияҳои нав, аз ҷумла ҳуши маснӯӣ ва шабакаҳои нейронӣ истифода мебаред?
- Не, то ҳол дар ин зарурате намебинам. Дар масъалаи ҳуши маснӯӣ бояд эҳтиёткор буд. Агар ҳама чизро аз он пурсем ва ӯ ба ҷои мо кор кунад, ин метавонад ба завол ё сустшавии фаъолияти мағзи сари мо боис гардад.
- Хондани кадом китобро ба иқтисодчиёни навкор тавсия медиҳед?
- Азбаски мо то ҳол дар шароити капитализм зиндагӣ дорем, ман тавсия медиҳам, ки сегонаи Теодор Драйзер — “Финансист”, “Титан” ва “Стоик” -ро бихонад.
- Агар шумо иқтисодчӣ намешудед, кӣ мешудед?
- Боз ҳам иқтисодчӣ.
- Аз чӣ бештар ташвиш доред?
- Аз афзоиши нобаробарии молу амвол байни одамон, зеро он боиси он мегардад, ки эҳтироми ҳамдигар дар муносибат миёни одамон, яъне байни сарватмандон в камбизоатон аз байн меравад.
- Кадом мавзеи Тоҷикистон шуморо бештар ҷалб мекунад, ки мехоҳед ҳар вақт ба он ҷо баргардед?
- Ин зодгоҳам, деҳае дар ноҳияи Айнӣ аст. Ва хонаву оилаам — ҳамсару духтарон ва набераву абераҳоям. Ман 9 набера ва аллакай 4 абера дорам.
- Ва саволи охирин: агар шумо як миллиард доллар медоштед, бо он чӣ мекардед?
- Тақрибан 250 ҳазорро барои худ нигоҳ дошта, боқимондаро барои ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба давлат месупурдам, бо шарте ки истифодаи мақсадноки ин маблағҳо таҳти назорат қарор гирад.



