Дар моҳи августи соли 2025 маоши миёнаи кормандони кироя дар Тоҷикистон 2468 сомониро ташкил дод. Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, ин нишондиҳанда 8,4% зиёдтар нисбат ба моҳи августи соли гузашта аст.
Тайи соли ахир музди меҳнат аз ҳама бештар дар бахши воқеии иқтисод - 15% зиёд шудааст. Болоравии зиёдтар дар саноати коркард ба қайд гирифта шуда, маоши миёна ба 2925 сомонӣ расидааст. Дар бахши кишоварзӣ, соҳаҳои ҷангал ва моҳидорӣ маош 14% афзуда, 1192 сомониро ташкил додаанд. Дар соҳаи сохтмон музди меҳнат 13,6% зиёд шуда, ба 3778 сомонӣ расидааст.
Даромади аз ҳама зиёдтар мисли пешин дар кормандони бахши молия ба қайд гирифта шудааст. Маоши миёнаи онҳо 18,4% афзуда, 7592 сомониро ташкил додааст. Дар соҳаи иттилоот ва алоқа сатҳи афзоши ҳудуди 6%-ро ташкил дода, маоши миёна ба 6535 сомонӣ баробар шудааст.
Болоравии нисбатан камтар дар соҳаи иҷтимоӣ ба назар мерасад. Дар соҳаи тандурустӣ ва хидматрасонии иҷтимоӣ музди меҳнат ҳамагӣ 1,3 ва дар соҳаи маориф - 4,1% афзудааст.
Маоши баланд дар минтақаҳо тариқи зайл аст:
- дар Душанбе — 3526 сомонӣ;
- дар Ноҳияҳои тобеи марказ — 3104 сомонӣ;
- дар вилояти Суғд — 2213 сомонӣ;
- дар вилояти Хатлон — 1930 сомонӣ;
- дар ВМКБ — 1733 сомонӣ.
Маоши ҳадди ақалл дар Тоҷикистон 1000 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бо вуҷуди болоравии умумии маошҳо дар кишвар, дар пардохти он мушкилот дида мешавад. То охири моҳи августи соли 2025 қарз аз пардохти маош қариб 25,7 млн сомониро ташкил додааст. Қарзи аз ҳама зиёдтар дар саноати истихроҷ - зиёда аз 10,9 млн сомонӣ, бахши кишоварзӣ - 5,6 млн сомонӣ, инчунин соҳаи нақлиёт - 5,4 млн сомонӣ ҷамъ шудааст.
Коршиносон зикр мекунанд, ки афзоиши даромад нобаробар аст: маош аз ҳама босуръат дар соҳаҳои саноат, сохтмон ва молия ва аз ҳама сустттар - дар соҳаҳои буҷетӣ боло меравад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста