Ҳар як сокини Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар як сол 35,9 кг гӯшт истеъмол мекардааст, ки ин дар ҷаҳон аз ҳама камтарин аст. Ин маълумот дар радабандии истеъмоли гӯшт ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2025, ки аз ҷониби телеграм-канали "Геостатистика" таҳия шудааст, бар меояд.

Ба иттилои манбаъ, дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҳама зиёд дар Қазоқистон гӯшт истеъмол мекардаанд: 70,2 кг дар як сол. ҳамин тариқ, дар Қирғизистон истеъмоли гӯшт ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол 38,2 кг, дар Ӯзбекистон 42,4 кг ва дар Туркманистон 59 кг баробар аст.

Миёни кишварҳои ИДМ Беларус пешсаф буда, ба ҳар сари аҳолӣ 94,5 кг рост меояд. Ҳар як сокини Русия ба ҳисоби миёна дар як сол 81,7 кк гӯшт мехурдаанд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони кишварҳои пешсафи истеъмоли гӯшт дар ҷаҳон Тонго ва Муғулистон будаанд. Ҳар як сокини ин кишварҳо ба ҳсиоиб миёна дар як сол 130-140 кг гӯшт истеъмол мекунанд, ки чандин маротиба аз нишондиҳани сатҳи миёнаи ҷаҳон баландтар аст.

Инфографика аз Geostatistica

 

Кам ва гарон

Нархи гӯшт дар Тоҷикистон чанд сол аст мунтазам боло меравад. Бино ба маълумоти омори расмӣ, тайи як соли ахир гӯшти гов дар бозорҳои кишвар ба андозаи 12,6% ва гӯшти гӯсфанд - 14,3% боло рафт.

Айни замон 1 кг гӯшти гови устухондори истеҳсоли маҳаллӣ 100 сомонӣ нарх дошта, арзиши 1 кг гӯшти гови лаҳм то ба 145 сомонӣ мерасад.

Талаботи аҳолии Тоҷикистон ба гӯшт айни замон тақрибан 380-385 ҳазор тонна дар як сол арзёбӣ мешавад. Ҳатто бо назардошти афзоиши истеҳсол, ҳаҷми умумии гӯшти “тоза” (баъди забҳ, бе устухон ва бе вазни зинда) ҳудуди 235-240 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Агар ба ҳар сари одам ҳисоб кунем, ин тақрибан 24 кг гӯшт дар як сол аст. Меъёри тавсияшуда 40,8 кг мебошад. Яъне кишвар ҳамагӣ наздик ба 58%-и меъёри оқилонаи истеъмолро таъмин карда метавонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.