Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон 45,4% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистонро ташкил додааст, ки баландтарин нишондиҳанда дар ҷаҳон дар ифодаи нисбӣ маҳсуб меёбад.

Дар соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон аз ҷониби муҳоҷирон 5,8 млрд долларро ташкил дода буд.

Пас аз Тоҷикистон бо тафовути назаррас давлати ҷазиравии Уқёнуси Ором - Тонга қарор дорад - 38,2% нисбат ба ҳаҷми ММД.

 


Ба даҳгонаи кишварҳои пешсаф аз лиҳози ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби шаҳрвандони худ  дар соли 2024 ин давлатҳо шомиланд:

 

1/2

Қобили зикр аст, ки интиқоли маблағ барои иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳим дошта, ин самтҳоро таъмин месозанд:

- дастгирии талаботи дохилӣ. Оилаи муҳоҷирон маблағи гирифтаашонро барои хариди молу пардохти ҳаққи хидматрасониҳо (нерғӯ барқ, алоқа, нақлиёт ва ғайра) истифода мебаранд.

- рӯйпӯш сохтани касри тавозуни савдои хориҷӣ. Муҳоҷирон ба ватан асъори хориҷӣ фиристода, аз ҳисоби он қисми зиёди маблағи маҳсулоти воридотии зарурӣ барои кишвар рӯйпӯш мешавад.

- воридоти маблағ ба буҷет аз ҳисоби андозҳо. Интиқоли маблағҳо дар нуқтаҳои интиқоли маблағ ва фурӯшандагони молу хидматрасонӣ ҳаҷми муайяни даромадро ба вуҷуд меоранд, ки дар навбати худ, аз онҳо андоз ситонида мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.