Дар соли 2025 дар Тоҷикистон ба маблағи 66,7 млрд сомонӣ (зиёда аз 7,1 млрд доллар) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, 13,3 млрд сомонӣ (беш аз 1,4 млрд доллар) зиёдтар нисбат ба соли 2024 аст. Дар ин бора рӯзи 11 феврал зимни нишасти матбуоти ҷамъбасти соли гузашта вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон аз рӯйи нишондиҳандаи рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар соли 2025 дар ҷойи аввал қарор гирифта, нишондиҳандаи мазкур аз Қирғизистон 10% зиёдтар мебошад.

Қазоқистон, Ӯзбекистон, Русия, Арманистон, Озарбойҷон ва Беларус суръати нисбатан камтар нишон дода, дар кишварҳое ба мисли Озарбйҷон ва Беларус ҳатто нишондиҳандаи манфӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар сохтори умумии саноати Тоҷикистон соҳаи кӯҳкорӣ ва истихроҷи маъдан, ки 40,3%-ро ташкил медиҳад, дар мавқеи аввал қарор дорад.
Дар идома аз рӯйи аҳаммият саноати хӯрокворӣ (18,6%), истеҳсоли нерӯи барқ (17,2%), мошинсозӣ (7,9%) ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон (6,2%) ҷойгир шудаанд.
Вазир ба рушди саноати коркард, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсол 51,8% ба он рост меояд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир кард. Дар ин соҳа саҳми маҳсулоти кимиёвӣ бо рушди 26,1%, истеҳсоли резин ва пластмасса - 16,1%, маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ - 14,4%, инчунин дорусозӣ бо рушди 10,6% низ назаррас аст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста