Ҳоло дар Тоҷикистон сохтмон ва таъмиру таҷдиди роҳи мошингард (лоиҳаи сармоягузорӣ) ба маблағи умумии 1,17 млрд доллар идома дорад. Аз ин, 5 лоиҳа ба маблағи 570,9 млн сомонӣ дар марҳилаи татбиқ қарор дошта, 6 лоиҳа ба маблағи 602,2 млн доллар ба охир расидаанд ва муҳлати кафолаташон идома дорад.
Вазорати нақлиёт иттилоъ медиҳад, ки соли 2025 сохтмони роҳи мошингарди Данғара - Гулистон (49 км), Гулистон - Фархор (29,6 км), инчунин корҳои таъмиру навсозии қитъаи сеюми роҳи Обигарм - Нуробод оғоз шуд.
Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта, 243,5 км роҳ, 30 пул, 5 нақб, 6 долони зидди тарма ва дигар иншооти зерсохтори нақлиёт сохта ба истифода дода шудааст.
"Моҳи июни соли гузашта дар ВМКБ якчанд иншооти муҳим, аз ҷумла қитъаи роҳи мошингарди Душанбе - Қулма бо масофаи 93 км, роҳ аз маркази маъмурии ноҳияи Ванҷ то шоҳроҳи Душанбе - Қулма (16 км), инчунин долонҳои зидди тарма ва пулҳо ба истифода дода шуданд", - гуфтанд аз ин ниҳод.
Ҳамчунин, вазорат хабар медиҳад, ки моҳи августи соли 2025 дар водии Рашт иншооти муҳими роҳи мошингарди Обигарм - Нуробод бо масофаи 75 км бо 3 нақб ва 11 пул боз шуд.
Моҳи ноябри соли гузашта дар вилояти Суғд қитъаҳои роҳи мошингарди “Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров”, “Бобоҷон Ғафуров - Хистеварз” ва “Куччак - Конибодом” бо масофаа умумии 40 км мавриди истифода қарор гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати кишвар раҳоӣ аз бунбасти иртиботӣ маҳсуб меёбад. Барои расидан ба ин ҳадаф, тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 2407,8 км роҳ, 274 пул, 2 чорраҳаи сесатҳа ва 2 дусатҳа ва 7 нақби нақлиётӣ таъмиру навсозӣ шудаанд.
Ба сурати умум, дар ин давра дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ ба маблағи умумии зиёда аз 2,2 млрд доллар 58 лоиҳа амалӣ шудааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста