Тибқи қарори №600-и ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008, як қатор гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ҳақ доранд аз хизматрасониҳои тиббии ройгон дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ истифода баранд, аммо дар амал татбиқи ин меъёрҳо ҳамеша бо суолҳо дар бораи огоҳии шаҳрвандон, шаффофияти раванд ва дастрасии баробар ҳамроҳ аст.
Муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ вазифадоранд ҳисоботи оморӣ ва муҳосибавии хизматрасонии тиббию санитарии ройгон ва музднокро алоҳида ба роҳ монанд.
Таҳиягарон ва тарафдорони ин қарор, иддао доштанд, ки шарикии давлат ва аҳолӣ мебоист ба рушди ин соҳа, муҳити солим дар табобатгоҳҳо, ташкилу табобати босифати беморон, афзудани ҳавасмандии кормандони тиб, аз байн бурдани хидматонаи табибон заминаи воқеӣ фароҳам меовард.
Амир Наҷотов, як сокини шаҳри Конибодом мегӯяд, қарори 600 ба дарди мардум намехӯрд.
“Бемори мол синнаш аз 80 боло буд ва мадори раҳгардӣ надошт, вале бо вуҷуди ин ягон хидматрасонӣ ба ӯ тариқи ройгон раоснида нашуд”, - гуфт вай.
Тибқи қарои 600 бемороне, ки синнашон аз 80 боло аст, аз пардохти маблағи табобат озод ҳастанд.
“Бале, онҳо ба хазинаи беморхона маблағ намесупоранд, вале ҳамаи хароҷоти табобатро ба дӯш доранд. Баъди ҳамаи ин ба шумо мегӯянд, ки арзиши табобатро ба хазина супоред. Ва беморон месупоранд. Ҷои пинҳон кардан нест, ба дасти табибон низ чун “хидматона” маблағ медиҳанд” – мегӯяд Салоҳов.

Зимнан, ҳамаи маблағҳое, ки аз ҳисоби татбиқи қарори мазкур ҷамъоварӣ мегардад, дар суратҳисоби махсуси раёсати молияи шаҳр ғун шуда, пасон мутобиқи хароҷот гуруҳбандӣ шуда, масраф мегардидаанд.
Аз ин маблағҳо тибқи гурӯҳбандии иқтисодӣ барои пӯшонидани дигар хароҷот, аз ҷумла, таъмир, хидматҳои коммуналӣ, эҳтиёҷоти иҷтимоӣ низ истифода мешавад. Бо қабули ин қарор мардум умедвор буданд бо пардохти маблағ аз ташвиши хариди дорувор, хароҷоти дигари ташхису табобат озод мешаванд. Мутаассифона, ин ташвишҳо ҳанӯз побарҷоанд.
Коршиносон мегӯянд, истифодаи маблағҳои тибқи қарори маълум пардохтшаванда бояд зери назорати ҷиддии мақомоти марбута қарор гирад, истифодаи онҳо дигаргуна шавад. Он танҳо барои пардохти иловагӣ ба маоши кормандон ва харидории дорувор ва таҷҳизоти соҳа пешбинӣ гардида, дигар хароҷот аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бароварда шавад.
Дар ҳоли ҳозир дар бисёр маврид бемор ҳам тибқи қарори мазкур барои ташхису табобат маблағ мепардозад, ҳам барои ин хидматҳо ва дастмузди табибон маблағи иловагӣ сарф мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста