Музди миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325 доллар)-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба моҳи январи соли 2025-ум 17,3% зиёдтар аст. Дар ин бора Оҷонсии омори кишвар хабар медиҳад.
Музди меҳнати ҳадди ақалл (минималӣ) 1000 сомонӣ боқӣ мемонад.
Музди меҳнати баландтарин дар бахшу соҳаҳои зерин ба қайд гирифта шудааст:
- миёнаравии молиявӣ ва суғурта — 7647,44 сомонӣ;
- иттилоот ва алоқа — 6072,79 сомонӣ;
- истихроҷи канданиҳои фоиданок — 4819,05 сомонӣ;
- таъминот бо нерӯи барқ, газ, гармӣ ва ҳавои таҳвияшуда — 4713,29 сомонӣ;
- сохтмон — 3682,08 сомонӣ;
- фаъолият дар соҳаи нақлиёт ва нигаҳдории борҳо — 3452,95 сомонӣ;
- саноати коркард — 3019,20 сомонӣ.
Музди меҳнати аз ҳама пасттар дар соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ ба қайд гирифта шудааст - 1463,32 сомонӣ.
Аз рӯйи минтақаҳо музди меҳнати баландтарин дар шаҳри Душанбе ва пасттарин дар вилоятҳои Хатлону ВМКБ пардохт мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми умумии қарзи пардохти музди меҳнат (бо назардошти солҳои пешин) то охири моҳи январи соли 2026 ба беш аз 14,5 млн сомонӣ (1,5 млн доллар) баробар аст.
Бо вуҷуди афзоиши назаррас, ҳаҷми музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври назаррас пасттар аст:
дар Қазоқистон — 1030 доллар
дар Ӯзбекистон — 527 доллар
дар Қирғизистон — 524 доллар
Маълумот дар бораи музди меҳнат дар Туркманистон дар манбаъҳои боз дастрас нест.




