Душанбе. 24-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Шоми дирӯз дар наздикии бозори «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе таркиши шадиде ба амал омад. Аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки бар асари садамаи нақлиёт мошини бензинкаш оташ гирифта, сипас таркиш рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, автомашинаи мусофирбари ҳаҷман хурди истеҳсоли чиноии «Тангем» ба мошини бензинкаши дар канори роҳ қарордошта бармехӯрад. Дар натиҷа мошини бензинкаш оташ гирифта, ба инфиҷори баллонҳои газӣ дар он боис мегардад.
«Бар асари сӯхтор автомашинаҳои навъи «Нексия» ва «Опел-Астра», ки дар қабати мошини бензинкаш меистоданд, пурра сӯхтанд, - гуфтанд дар вазорат. -Хушбахтона дар «Тангем» мусофире набудааст ва ронанда низ пас аз бархӯрд худро аз кабинаи мошин ба берун гирифта, ҷони худро ба саломат бурдааст».
Зикр гардид, ки ронандаи 19-солаи автомашинаи «Тангем» Шӯҳрат Усмонов боздошт шудааст.
Бар асари таркиш ба ду микрорайони пойтахт муддати якчанд соат интиқоли барқ қатъ гардид. Илова бар ин, хатҳои ҳаракати тролллейбусҳо низ зарар диданд, ки субҳи имрӯз таъҷилан барқарор карда шуданд.



Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста