Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 57 ҳодисаи фавқулоддаи марбут ба офатҳои табиӣ рух доданд, ки бар асари он ҳашт нафар ҷони худро аз даст доданд.
Дар нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ генар-майор Ҳайбулло Латифов изҳор дошт, ки маблағи зарари аз офатҳои табиӣ дар ин давра расонидашуда 1 млн. 31 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад. «Бар асари офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввал 218 манзили зисти сокинон ба маблағи умумии 467 ҳазор сомонӣ зарар дида, 67-тои он комилан хароб гардид», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ 611 ҳазору 708 нафар шаҳрвандон ба машғулиятҳои омӯзиши тарзи рафтор дар ҳолатҳои фавқулодда ҷалб гардида, бо ташаббуси Кумита дар Академияи Вазорати умури дохилии ҶТ факултаи «Муҳофизат дар ҳолатҳои фавқулодда» таъсис дода шуд ва шурӯъ аз соли ҷорӣ, 25 нафар донишҷӯ дар он таҳсил хоҳанд кард. «Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони кумита 26 амалиёти ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ анҷом дода шуд», - афзуд Ҳ.Латифов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста