Душанбе. 12-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи маълумоти пешакӣ бар асари боронҳои шадиду муттасил дар моҳҳои апрел-май ба хоҷагии халқи Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 млн. $ зарар расонида шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ хабар доданд.
Мутаасифона, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд. Танҳо дар рӯзҳои ид дар натиҷаи борони селу резиши ярч 9 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 6 нафарашон кӯдакон мебошанд.
Шаби 9-уми май дар километри 158-уми роҳи мошингард, дар ағбаи Шаҳристон бар асари сангфароӣ автомашинаи КАМАЗ ба ҷарии чуқуриаш
Қаблан дар бораи 9 нафар ҷабрдидагон аз офатҳои табиӣ хабар дода шуда буд.
Дар моҳҳои апрел- майи соли ҷорӣ аз боронҳои шадиду муттасил беш аз 100 хонавода осеб дида, садҳо гектар заминҳои кишт зарар диданд ва қитъаҳои бузурги роҳҳои мошингард корношоям гардида, якчанд пул хароб гардид. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, бар асари боришоти шадид мавсими киштукор бо қафомонӣ аз нақша ҷараён дорад. Дар ҳамин ҳол, мувофиқи пешгӯии обуҳавошиносон, боришоти шадид то то нимаи моҳи май идома хоҳад ёфт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста