Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳукумати Тоҷикистон аз СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ дархост кард, ки барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба ҷумҳурӣ кӯмаки таъҷилӣ расонанд. Дра ин бора маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.
Дар муроҷиати ҳукумати ҶТ гуфта мешавад, дар маҷмӯъ зарари офатҳои табиӣ 40 шаҳру навоҳии кишварро фаро гирифта, миёни аҳолӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми хисороти расидаро беш аз 100 млн. доллари ИМА арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дар кишвар 200 манзили зист пурра хароб гардида, садҳо иншооти зерсохтории таъиноти гуногун, аз ҷумла мактабу беморхонаҳо зарар диданд. Дар ҷумҳурӣ
Дар муроҷиат зикр мегардад, ки бар асари офатҳои табиӣ ба заминҳои кишти маҳсулоти кишоварзӣ зарари зиёд расида, беш аз 3 ҳазор саршумори чорво нобуд гардид. Ҳукуматдорони Тоҷикистон баҳри кӯмак ба мардуми осебдида аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мекунанд, вале Тоҷикистон қодир нест, ки мустақилона оқибатҳои офати табииро бартараф созад. Дар ҷумҳурӣ норасоии шадиди масолеҳи сохтмон, маводи сӯзишворӣ, ғизоӣ, доруворӣ, тухмӣ, хаймаҳои зист ва генераторҳои сайёр ба мушоҳида мерасад.
Дар мусоҳиба ба радиои СММ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов изҳор доштааст, ки айни замон ҳалли фаврии масъалаи бо ҷойи зисти муваққатӣ
таъмин намудани осебдидагон зарур буда, барои барқарор сохтани заминҳои кишт ва нашъунамои зироатҳо маблағҳои зиёде равона кардан лозим меояд, то ки деҳқонон дар мавсими соли равон ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста