Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Маросими дафни собиқ вазири умури дохилии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов, ки шоми дирӯз даст ба худкушӣ зад, дар зодгоҳаш – Сарбанд ба хок супурда хоҳад шуд. Соати 4-и субҳи имрӯз ҷасади ӯро ба Сарбанд бурданд.
Ёдрас мекунем, ки М.Солеҳов ба ҳайси вазири умури дохилии ҶТ ду сол фаъолият карда, моҳи январи соли 2009 аз мансаб сабукдӯш гардида буд. Қобили зикр аст, ки чанд рӯзи ахир дар додгоҳи шаҳри Душанбе баргузории мурофиаи додгоҳии бародари собиқ вазир – Тағойназар Солеҳов идома дорад. Т.Солеҳов дар куштор ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ гунаҳкор дониста мешавад.
Муҳаммадназар Солеҳов тӯли чандин сол дар мақомоти додситони кулли Тоҷикистон, раиси Додгоҳи қонуни асосӣ, муовини вазири корҳои дохилӣ, вазири умури дохилӣ ва ду навбат раҳбари дастгоҳи иҷрояи президенти тоҷикистон ифои вазифа намудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста