Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Шабонарӯзи гузашта дар се садамаи нақлиёт дар қаламрави Тоҷикистон 8 нафар ба ҳалокат расиданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар ноҳияи Истаравшан автомашинаи «Опел-Астра» ба автомашинаи навъи ГАЗ-3302 бархӯрда, дар натиҷа ронандаи «Опел-Астра» ва се мусофири он ба ҳалокат расидаанд. «Худи ҳамон рӯз ҳангоми ҳаракат аз Кӯлоб ба самти ноҳияи Шӯрообод ронандаи автомашинаи ГАЗ-53 Бегалӣ Қурбонов аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, он чаппа мешавад ва дар натиҷа худи ронанда ва ду мусофири он ҳалок мешаванд», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар ноҳияи Сарбанд автомашинаи навъи «Чанху» ба автомашинаи МАЗ бархӯрда, мусофири «Чанху» дар роҳи интиқол ба беморхона фавтидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста